Афзоиши мухолифатҳо бо салтанат ҳамзамон бо даргузоашти Элизабетаи дувум
(last modified Tue, 13 Sep 2022 07:00:25 GMT )
Сентябр 13, 2022 12:00 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мухолифатҳо бо салтанат ҳамзамон бо даргузоашти Элизабетаи дувум
    Афзоиши мухолифатҳо бо салтанат ҳамзамон бо даргузоашти Элизабетаи дувум

Мухолифатҳои бо низоми салтанати дар Британия бо даргузашти Элизабетаи дувум ру ба афзоиш аст ва густариши мухолифатҳо боқи мондани ин низомро ба чолиш кашида аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳамзамон бо эъломи интиқоли тобути ҳомили Элизабетаи дувум аз Шотландия ба Ландан ва кохи Бокингҳом, мухолифони ниҳоди салтанат ва ҷумҳурихоҳон мухолифати худро бо подшоҳи Чарлез фарзанди Элизабетаи дувум, ки мурдм ва ҳато намояндагони онҳо дар таъини вай ба унвони олитарин мақоми ин кишвар кучактарин нақши надоштанд ба шиддат эътироз карданд.

Грэм Смит аз раҳбарони ҷумҳурихоҳон дар Британия бодошти муътаризон ба низоми салтанат ва саркубии онҳоро дар рӯзҳои ахир интиқод кард ва онро мухоли бо усули демакратия ва озодии баён донист.

Эътирозҳо ба подшоҳии Чорлези севвум, ки ба иллати мероси будани тоҷу тахт пас аз даргузашти Элизабетаи 96 сола бедуни райи назари мардум ва намояндагон онҳо ба ин мақом расид илова бар Британия дар Шотландия, Уэлис, Ирландияи шимоли ҳам ҳар рӯз ошкортар мешавад.

Ҳамакнун ҳушдорҳои амнияти дар Британия дар сатҳи қобили таваҷҷуҳ аст, ки маъни ва мафҳуми он эҳтимоли ҳамлаи террористи аст.

Ҷунбишҳои ҷумҳурихоҳ дар Британия солҳо аст, ки хоҳони баргузории ҳамапурси дар хусуси ояндаи низоми салтанатии ин кишвар буда ва таъкид доранд, ки ин низом ёдовари ситамҳо аст, ки подшоҳони Британия бар мардум раво донистанд.

Интиқоли қудрат аз Элизабетаи дувум ба Чарлези севвум дар ҳоли сурат гирфт, ки дархостҳо барои поёни низоми салтанати дар британияи буҳронзада боло гирифта аст.

Чарлези севвум дар даҳҳаи ахир дар сукут ва гоҳи махфиёна барои афзоиши сарвати худ талош мекард бо таваҷҷуҳ ба ин ки интиқодоти зиёди аз ӯ шуда аст.

 

Бештар бихонед:

Гузориш: Ҳошияиҳои даргузашти маликаи Англис

Тафсир. Марги малика Элизабети дувум ва подшоҳии Чарлзи сеюм