Ироқчӣ : Эрон музокираи устувор бар эҳтиром ба ҳуқуқи қонӯниро рад накардааст
-
Сайидаббоси Ироқчӣ-вазири умури хориҷаи Эрон ва Айот Ко-вазири умури хориҷаи Англия
Порс тудей - Вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт, ки Ҷумҳурии исломӣ ҳеҷ гоҳ музокира бар асоси эҳтиром ба ҳуқуқи қонӯнӣ ва манофеи машрӯъи миллатро рад накардааст .
Сайидаббоси Ироқчӣ-вазири умури хориҷаи Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо Айот Ко-вазири умури хориҷаи Англия бо интиқод аз рӯйкарди ғайримасъулонаи се кишвари аврупоӣ дар парвандаи ҳастаии Эрон , ҳар гуна музокираи таҳмилӣ ва яксӯяро нораво донист.
Вазири умури хориҷаи Англия низ бар мавзеи кишвараш дар бораи истифода аз роҳи ҳали дипломотӣ барои ҳали мавзӯи ҳастаии Эрон таъкид кард.
Вазирони умури хориҷаи Эрону Англия ҳамчунин дар бора мавзӯъоти консулӣ ва равобити дуҷониба табодули назар карда ва бар идомаи ройзаниҳо барои тақвияти дарки мутақобил таъкид карданд.