Инҳирофи як саёраи кучак тавассути НАСА
Маъмурияти озмоишгоҳи масири дугонаи саёраи кучаки (DART) ки тавассути озомишгоҳи физикаи корбурдии Ҷонз Ҳопкинз (APL) дар Мэриленд барои НАСА идора мешавад аввалин озмоиши дифоъи саёраи аст, ки душанбе 26 сентябр тавассути фазопаймои Дорт бо суръати тақрибии 24 ҳазор километр дар соат бо саёраи кучаки Демурфус (Dimorphos) бархурд хоҳад кард то битавонад масири ҳаракати ин ҷирми осмониро дар атрофи саёраи бузургтар ба номи Димидус (Didymos) тағир диҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, НАСА ин руйдодро дар охири ин моҳи ҷорӣ ба сурати мустақим пахш хоҳад кард, ин Ожонси фазоӣ эълом кард, ки пушиши зинда бархурди дорт (DART) дар 26 сентябр аз соати 18 ба вақти минтақаи замони шарқи оғоз хоҳад шуд.
Димидус бо қутр 780 метр саёраи бузургтар дар ин сомона аст дар ҳоле, ки Демурфус саёраи кучактар ва моҳвораи табиъӣ Дидимус бо қутр 160 метр аст
Барои муқоиса бояд гуфт, ки саёраи кучак, ки дар соли 2013 бар фарози шаҳри Челябенски Русия мунҳариф шуд танҳо 18 метр қутр дошт.