Таҳлил: Таҳвили таслиҳоти харидоришудаи Илҳом Алиев аз режими саҳюнистӣ
Манобеъи огоҳ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон аз фуруди як фарванд ҳавопаймои ҳомили силоҳҳои режими саҳюнистӣ дар фурудгоҳи Боку хабар доданд.
Бар асоси хабарҳои манобеъи огоҳ ин ҳавопаймои бори ҳомили силоҳ ва муҳимот аз навъи буинг 747 буд ва дар чорчуби муъомилоти таслиҳотии давлати Илҳом Алиев бо режими саҳюнистӣ ба Боку таҳвил дода шуда аст.
Дар ин росто ҳафтаи гузашта Мадад Қулиев, вазири дифоъи Ҷумҳурии Озарбойҷон аз тадовуми ҳамкориҳои низомии давлати Боку бо ширкатҳои режими саҳюнистӣ хабар дода буд.
Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон низ пеш аз он таъкид карда буд: Давлати таҳти амри вай ба сурати густарда аз режими саҳюнистӣ таҷҳизоти низомӣ харидори карда аст.
Харидҳои низомии давлати Илҳом Алиев аз режими нажодпарасти Исроил дар ҳоле идома дорад, ки мардуми мусалмони Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунон мухолифи ҳаргуна ҳамкории ин кишвар бо Исроил ҳастанд.
Ин ҳамкориҳо ба мизоне рушд карда аст, ки дипломатҳои исроилӣ барои сиёсати хориҷи ва дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон тавсияҳои ироа мекунанд.
Расонаҳои вобаста ба давлати Алиев низ бо пушиши густарда таҳаррукоти дипломатҳои исроили дар Боку дар воқеъ вобастагии ҳарчи бештари давлати Алиевро ба ин режими нажодпараст тайид мекунанд.