Сентябр 22, 2022 11:29 Asia/Dushanbe
  • Басиҷи низомӣ дар Русия иқдоме хатарнок аст

Дабири кулли Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), басиҷи бахше аз нерӯҳои артиши Русияро иқдоме хатарнок ва бепарво тавсиф кард.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия тайи суханроне бо таъкид бар инки аз истиқлоли манотиқи Донбасс, Запароже ва Херсон ҳимоят мекунад, басиҷи низомии маҳдуд дар саросари ин кишвар эълом кард.

Путин таъкид кард, иқдомот барои басиҷи бахше аз нерӯҳо аз имрӯз 21 сентябр дар Русия оғоз хоҳад шуд.

Дар чорчӯби басиҷи низомии маҳдуд дар маҷмуъ 300 ҳазор нерӯи захира фарохонда хоҳанд шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО эълом кард, басиҷи ҳазорон нерӯ дар Русия барои ҷанг дар Украина, даргириро ташдид мекунад ва ин ба масобеҳи ҷон бохтани теъдоди бештаре аз низомиёни украинӣ ва русӣ аст.

Вай ҳамчунин афзуд, таҳдиди Путин мабнӣ бар истифода аз силоҳи ҳастаӣ, лаффозиҳои хатарнок ва фоқиди ҳиси масъулият аст.

Дабири кулли НАТО дар идома бо ишора ба истифодаи эҳтимолии Русия аз силоҳи ҳастаӣ тасреҳ кард, муҳимтарин масъала ин аст, ки аз вуқуъи ин амр ҷилавгирӣ шавад ва ба ҳамин далели мо дар иртибототамон бо Русия дар мавриди паёмадҳои бесобиқа ин қадариравшан ва возеҳ будаем.

Давлати Русия тайи моҳҳои гузашта бо ҳушдор дар бораи тавсеаталабии НАТО дар шарқи Аврупо, пешниҳодоти замонати амниятиро ба Амрико ва НАТО ироа дод, аммо ин пешниҳодот рад шуданд.

 

Барчасп