Ҳамла ба ду зани мусулмон дар Ню-Йорк
(last modified Tue, 06 Dec 2016 05:00:22 GMT )
Декабр 06, 2016 10:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла ба ду зани мусулмон дар Ню-Йорк

Мақомоти амрикоӣ эълом карданд, ду зани мусулмон дар шаҳри Ню-Йорк ҳадафи иқдомоти муҷримонаи ҳамроҳ бо танаффур қарор гирифтанд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, мақомоти амрикоӣ рӯзи душанбе эълом карданд, омили ҳамла ба ду зани мусулмон, ки пештар низ ба иттиҳоми иртикоби иқдоми муҷримонаи ношӣ аз танаффур зиди як афсари полиси зани мусулмон дар Бруклини Ню-Йорк боздошт шуда буд, ба қайди 50 ҳазор доллар васиқа озод шуд.

Вуқӯи ҷароими ношӣ аз танаффур дар Амрико пас аз пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Бар асоси оморҳои мунташиршуда ва эъломи як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башар 10 рӯз пас аз пирӯзии Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, наздик ба 900 мавриди ҷароими ношӣ аз танаффур дар саросари Амрико гузориш шудааст.

 

Барчасп