Интишори шумориа вижаи маҷалаи "Business Centrl Asia" бо меҳварияти вижаи Тоҷикистон
Шумориа вижаи маҷалаи "Business Centrl Asia" чопи Деҳли бо меҳварияти вижаи Тоҷикистон мунташир шуд.
Ба муносибати солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷалаи "Business Centrl Asia" бо таваҷуҳи вижа ба кишвари Тоҷикистон дар Деҳли Нав мунташир шуд.
Ба гузориши Ховар ба нақл аз Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин шумора паёми табрикотии Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сивуякумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули табрики роҳбарони кишварҳо ба муносибаи рӯзи миллӣ, матни табрикии вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳинд ба муносибати сиюмин солгарди эҳёи равобити дипломати, мақолаи вазири саноат ва фановариҳои навини Тоҷикистон ва мақолаи сафири Тоҷикистон дар Ҳинд мунташир шуд.
Ҳамзамон мақолаҳои ҷудоганае дар мавриди аҳамияти таърихии шонздаҳумин иҷлоси Шӯрои олии Тоҷикистон, равобити таърихи ва фарҳангии Тоҷикистон ва Ҳинд ва ҳамчунин намунаҳои осорхонаи миллӣ ва дигар дастовардҳои Тоҷикистон нашр шуд.