Сентябр 28, 2022 21:39 Asia/Dushanbe
  • Силоҳҳои Аврупо ва Амрико барои ирсол ба Украина дар ҳоли тамом шудан аст
    Силоҳҳои Аврупо ва Амрико барои ирсол ба Украина дар ҳоли тамом шудан аст

Як шабакаи амрикоӣ ба нақл аз коршиносони низомӣ гузориш дод силоҳҳои Аврупо ва Амрико барои ирсол ба Украина дар ҳоли тамом шудан аст.

Аз замони оғози ҷанги Украина кишварҳои ғарби аз дахолати мустақими низомӣ дар ин ҷанг худдори карданд, аммо ба Украина силоҳ, муҳимот ва сухт мерасонанд.

Русия борҳо гуфта аст ирсоли силоҳҳои ғарби танҳо боиси тулони шудани даргири мешавад ва ҳатто ҳушдор дода аст, ки нерӯҳои Русия ба таври билқува метавонанд чунин таслиҳотеро ҳадаф қарор диҳанд.

Ба гузориши шабакаи Си Эн Эн ба нақл аз манобеъи сиёсӣ дар буҳбуҳаи нотавони ва шикасти мақомоти украинӣ барои ирсоли таслиҳоти бештар ва маргбортар ва ҳамчунин судури дастури басиҷии бахши аз нерӯҳои низомӣ Русия ба манзури ҳузур дар амалиёти Донбас расонаҳо аз холишудани захираҳои таслиҳотии ғарб хабар медиҳанд.

Бар асоси ин гузориш анборҳои силоҳо ва муҳимоти Амрико ва Аврупо, ки аз онҳо барои ирсол ба Украина истифода мешавад дар ҳоли тамом шудан ҳастанд.

Девид Десруш донишёр ва пажуҳишгари аршади низомӣ дар донишгоҳи дифоъи миллӣ Амрико дар ин бора тавзеҳ дод: Агар мо тавлиди ҷадиди надошта бошем фориғ аз ин ки моҳҳо давом мекунад то тавлидро афзоиш диҳем, наметавонем артиши Украинаро таъмин кунем.

Шабакаи Си Эн Эн бо баёни ин ки таслиҳот ва муҳимоти Аврупо низ рӯ ба итмом аст ба нақл аз масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълом кард: Захираҳои низомии бештари кишварҳои аврупоӣ узви НАТО агар нагуем комилан тахлия шуд, аммо ба итмом наздик шуданд зеро силоҳҳои зиёдиро дар ихтиёри украиниҳо қарор додаем.

Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия ҳафтаи гузашта бо эъломи басиҷи низомӣ маҳдуд эълом кард: Кишварҳои ғарби ба дунболи тазъиф ва таҷзия ва нобудии комили Русия ҳастанд аммо Маскав ҳам дорои силоҳи ҳастаӣ аст ва аз ҳар абзори барои дифоъ аз худ истифода мекунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп