Июн 18, 2024 11:03 Asia/Dushanbe
  • НАТО ба дунболи тавсеаи силоҳҳои атомӣ/Русия: Байден ниёзманди хунрезии бештар дар Аврупост

Кишварҳои узви НАТО дар ҳоли ройзанӣ барои омодасозии силоҳҳои ҳастаӣ ҳастанд.

Йенс Столтенберг-дабири кулли НАТО ин созмонро як иттиҳоди атомӣ медонад ва иддао мекунад, ҳадафи НАТО ҷаҳони орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ аст.

 Ба гузориши Порстудей, Столтенберг муддаӣ шуд:«Ҷаҳоне, ки Русия, Чин ва Кореяи шимолӣ дар он силоҳҳои ҳастаӣ доранд ва НАТО надорад, як дунёи хатарноктар аст».

 Вай афзуд: Амрико ва муттаҳидони аврупоии он дар ҳоли ҳозир дар ҳоли модернсозии зарродхонаҳои ҳастаии худ ҳастанд.

 Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков-сухангӯи Кремл дар вокуниш ба изҳороти дабири кулли «НАТО» гуфт: Чунин лафзбозиҳо ҷуз гом бардоштан дар масири таниши бештар нест.

 Мария Захарова-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия ҳам дар вокуниш ба барномаҳои «НАТО» барои мулзам кардани ҳама аъзо ба ирсоли силоҳ ба Украина ба аврупоиҳо ҳушдор дод.

Захарова гуфт: Аврупо мутаваҷҷеҳ бошад, ки Вашингтон таҳти парчами «НАТО» онҳоро даргири муқобилаи мустақим бо Русия мекунад.

 Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия ҳамчунин таъкид кард: «Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико барои мондан дар қудрат ниёз ба хунрезии бештар дар Аврупо дорад.

 

Барчасп