Сандуқи байналмиллалии пул: 48 кишвар дар хатари бӯҳрони ғизоӣ қарор доранд
Октябр 04, 2022 11:07 Asia/Dushanbe
Кристалина Иванова Георгиева-Кинова мудири Сандуқи байналмиллалии пул рӯзи душанбе ҳушдор дод, ки 48 кишвар дар маърази хатари бӯҳрони ҷаҳонии ғизо қарор доранд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Георгиева, ки ин суханонро дар конфронсе дар Риёз матраҳ кард, гуйфт: 41 миллион нафар дар сартосари ҷаҳон бо ноамнии ғизоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия, ки яке аз бузургтарин тавлид кунанда ва содир кунандаи ғаллот дар ҷаҳон ба шумор меояд, боиси ташдиди бӯҳрони ҷаҳонии ғизо шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки Амрико ва ғарбиҳо муддаӣ ҳастанд,ки Русия боиси эҷоди бӯҳрони ғизо шудааст
Барчасп