Октябр 12, 2022 20:15 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаҳо ва умедҳои беасоси ҷадиди Ғарб ба Украина
    Ваъдаҳо ва умедҳои беасоси ҷадиди Ғарб ба Украина

Сарони гуруҳи 7 рузи сешанбе дар поёни нишасте, ки ба сурати маҷози анҷом шуд бо судури баёнияи пайвастани 4 манотиқи Украина ба Русия ва низ афзоиши ҳамалоти Русия дар Украинаро маҳкум карда ва хостори хуруҷи беқайду шарти неруҳои он аз хоки Украина шуданд.

Ин нишаст пас аз он ташкил шуд, ки ҳамалоти ҳавоӣ Русия дар Украина дар вокуниш ба инфиҷори пуле ки Қримро ба Русия пайваст мекард афзоиш ёфта аст.

Дар ин баёния омада аст: Мо муҷададан ҳимояти комили худро аз истиқлоли тамомияти сарзамини ва ҳокимяти Украина дар марзҳои байналмиллалӣ ба расмият шинохта шудаи он тайид мекунем.

Дар ростои қавонини байналмиллалӣ ба вижа маншури Созмони Миллал Украина ин ҳақи машруъро дорад, ки аз худ дар баробари таҷовузи Русия дифоъ кунад ва кантроли комили қаламрави худро дар марзҳои шинохташудаи байналмиллалии худ бозпас гирад.

Владимир Зеленский, раиси Ҷумҳурии Украина дар ин нишасти маҷози таъкид кард, ки Русия бояд мунзави ва ба хотири баргузории ҳамапурси бояд муҷозот шавад.

Раиси Ҷумҳурии Укрина гуфт, ки фурсати дипломосии дигар вуҷуд надорад Зеленский муддаи шуд, ки Русия дар талош аст то Белорусро мустақиман вориди ҷанг кунад вай хостори маъмурияти нозирони байналмиллалӣ дар марзи Белорус шуд.

Ба назар мерасад блоки Ғарб, ки акнун дар қолаби гуруҳи 7 дар заминаи таҳавулоти ҷанги Украина эъломи мавзеъ кард намехоҳад ё дар ҳолати хушбинона наметавонад кумакҳои асоси ва сарнавиштсоз ба Украина барои тағири равандҳои кунуни ва ё касби пирузиҳои қотеъ сурат диҳад.

Бар хилофи кумакҳои беш аз 25 миллиард долларии таслиҳоти Ғарб ба Украина аммо ин кумакҳо натавонист монеъи аз пайвастани манотиқи Донбаси Украина ба Русия шуда ва низ натавонист артиши Украинаро қодир ба касби дастовардҳои чашмгир намояд.

 

Барчасп