Вобастагии ҷаҳон ба нафту газ то 5 даҳаи дигар
Муовини нахуствазири Русия бо таъкид бар идомаи нақшофаринии сӯхтҳои фусилӣ дар таъмини энержӣ эълом кард, ҷаҳон ҳаддиақал то 50 соли оянда ба нафт, газ ва ангишт вобаста хоҳад буд.
Ба гузориши Russia Today, Александр Новак, муовини нахуствазири Русия тайи изҳороте тасреҳ кард, эҳтимолан ширкатҳои нафтӣ таъйид хоҳанд кард, ки ҷаҳон ҳаддиақал то 50 соли оянда ба нафт, газ ва ангишт вобаста хоҳад буд.
Вай эълом кард, бо вуҷӯди зуҳӯри манобеи ҷадиди энержӣ, ангишт бори дигар саҳми қобили таваҷҷӯҳеро дар тарози энержии ҷаҳон ба худ ихтисос додааст.
Александр Новак бо баёни инки саҳми кунӯнии ангшт дар таъмини энержии кишварҳои ҷаҳон 25 дарсад аст, афзуд, ки дар ҳоли ҳозир нафти ҳудӯди 26 дарсад ва гази 28 дарсад аз таъмини энержии ҷаҳонро ба худ ихтисос медиҳанд.
Ба гуфтаи ин мақоми баландпояи Маскав, на Ожонси байналмилалии энержӣ ва на донишмандони барҷаста токунӯн ҳеҷ пешбинӣ дар заминаи инки дар ояндаи тарози энержии ҷаҳонӣ танҳо шомили манобеи энержии пок (ғайри фусилӣ) хоҳад буд, накардаанд.
Изҳори назари Александр Новак дар шароите матраҳ шуда, ки танишҳо миёни Маскав бо кишварҳои ғарбӣ бар сари Украина, боиси доман задан ба нигаронии кишварҳои аврупоӣ дар бораи таъмини энержӣ шудааст.