Тафсир: Буҳрони сиёсии ҷадиди Британия; барканории вазири дороӣ
(last modified Sun, 16 Oct 2022 13:03:07 GMT )
Октябр 16, 2022 18:03 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Буҳрони сиёсии ҷадиди Британия; барканории вазири дороӣ

Вазири дороии Британия се ҳафта пас аз ироаи барномаи иқтисодии ҷанҷолӣ, ки суқӯти таърихии арзиши пунд ва ошуфтагии молӣ дар ин кишварро ба ҳамроҳ дошт, аз ин мақом барканор шуд.

Kwasi Kwarteng, 38 рӯз пеш ба унвони вазири дорои давлати Лиз Трасс интихоб шуда буд, аммо дар истеъфономаи худ, ки як нусхаи онро дар “Твиттер” мунташир кард, навишт, нахуствазир аз ӯ хоста аз мақоми худ канор биравад.

Барканории вазири дороии кабинаи Лиз Трасс зарбаи сиёсии ҷиддӣ барои ӯ маҳсӯб мешавад, ки зарф чанд моҳе, ки ба қудрати расида бо нокомиҳои бузурге мувоҷеҳ шудааст.

Дар воқеъ ин барканорӣ, нишонаи дигаре аз шикаст ва нокомии тарҳҳои иқтисодии нахуствазири муҳофизакори ҷадиди Британия маҳсӯб мешавад, ки иддао мекард, тарҳҳои муассире барои муқобила бо вазъияти буҳронии иқтисодии молии ин кишвар дорад Kwasi Kwarteng дар 23 сентябр барномаи иқтисодии давлатро, ки бузургтарин бастаи коҳиши молиёт дар 50 соли ахир номида мешавад, ироа кард.

Шикасти барномаҳои нахуствазири ҷадиди Британия мӯҷиб шуда то маҳбӯбияти ҳизби ҳоким коҳиш ёфта ва дар муқобил ҳимоят аз ҳизби мухолиф, яъне Ҳизби коргар афзоиш ёбад.

Назарсанҷии муассисаи «YouGov» маҳбӯбияти ҳизби Лиз Трасс дар муқобили ҳизби рақиб 28 дарсад камтар аст, ки як ихтилофи чашмгир ба шумор меравад. Ин дар ҳоле аст, ки авзоъи дохилии ҳизби муҳофизакор ҳам ба таъбири яке аз аъзои кабина, ки хости номаш фош нашавад «дар як ошуфтагии ваҳшатнок» аст.

Дар маҷмӯ бо барканории ногаҳонии вазири дороии Британия ба унвони дуюмин мақоми қудратманди давлат, дар канори тадовуми уфӯли иқтисодӣ ва сояи варшикастагии ҷойгоҳи нахуствазири ин кишварро башиддати мутазалзил ва ояндаи сиёсии вайро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.