Видио/Конфронси Ваҳдат дар Лондон бо ҳузҳури уламои шиа ва суннӣ
(last modified Tue, 18 Oct 2022 09:20:02 GMT )
Октябр 18, 2022 14:20 Asia/Dushanbe

Бистучаҳорумин давраи конфронси Ваҳдати Исломӣ бо ҳузӯри уламо ва андешамандони шиа ва сунни аз кишвраҳои мухталифи исломӣ ва муқими Британия дар маркази исломии Инглис баргузор шуд.

Ба  гузориши Садои Хуросон, ҳуҷҷатулислом Сайид Ҳошими Мусавӣ, намояндаи валии фақеҳ дар Инглис дар бистучаҳрумин давраи конфронси Ваҳдати Исломӣ гуфт, ҳадаф аз ин ихтилофафкани миёни мусалмонон, тазифи қудрати ҷаҳони ислом аст.

Раиси Марказӣ исломии Инглис хотирнишон кард, мусалмонон аз назари қавмӣ, нажодӣ ва забонӣ бо ҳам фосила доранд аммо аз мавзӯъи аҳамият надоранд ва набояд иҷоза дод бархе ихтилофҳо ба даъво мунҷар шавад ва  ҳушёрии уламои ҷомеаи исломӣ зарӯр аст.

Ҳуҷҷатулислом Мусавӣ ҳамчунин изҳор кард, бо таваҷҷӯҳ ба печидашги  абъоди исломситезӣ ва табаъоти манфии он барои ақалиятҳои мусалмонон дар Ғарб, ошно кардани мардуми Аврупо бо исломи воқеъи ва фароҳам кардани заминаи гуфтугӯи мантиқии мусалмонон ва ғарбиҳо зарӯри аст.

Муҳаммадхолид, олими сунни низ дар ин конфронси Ваҳдати Исломӣ гуфт: Беҳтарин муқобила бо исломситезӣ улгу гирифтан аз сираи ахлоқии Паёмбари гиромии Ислом (с) ва ҳифзи ваҳдат аст.

Бештар бихонед: