Октябр 26, 2022 13:21 Asia/Dushanbe
  • Нахустин дархости Иттиҳодияи Аврупо аз нахуствазири нави Британия

Комиссиюни Аврупо аз Риши Сунак-нахуствазири нави Британия дархост кард то ба тавофуқи ҳосилшуда бо Иттиҳодияи Аврупо мавсум ба БРИГЗИТ пойбанд бошад.

Раъй ба хурӯҷи Британия аз Иттиҳодияи Аврупо ( БРИГЗИТ ) дар соли 2016 зарбаи сангини иқтисодии бузурге ба Британия ворид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Урсула ван дер Ляйен-раиси Комиссиюни Аврупо дар паёме дар Тветтир зимни табрик ба Риши Сунак барои интихоб шудан ба нахуствазирии Британия аз ӯ хост, то ба таври комил ба БРИГЗИТ пойбанд бошад .
Раиси Комиссиюни Аврупо навишт : « Дар ин замони сахт барои саёраамон мо рӯйи як робитаи қавӣ бо Британия барои дифо аз арзишҳои муштаракмон ҳисоб карда ва дар айни ҳол ба тавофуқоти худ низ пойбанд ҳастем » .
Морус Сикооич-комиссари аврупоӣ низ ки масъӯли равобит бо Британия аст гуфт : « Мо мусаммам ба кори фишурдаву созанда дар ҳимоят аз чунин мушорикате бо эҳтироми комил ба тавофуқҳо боқӣ мемонем ва ин шомили талошҳоямон барои ёфтани роҳи ҳалҳои муштараки таҳти протоколҳо барои Ирландияу Ирландияи шимолӣ мешавад » .
Риши Сунак-вазири дороии собиқи ин кишвар сешанбе ( 25 октябр ) расман ба унвони нахуствазири нави Британия мансуб шуд.

 

Барчасп