Октябр 30, 2022 10:38 Asia/Dushanbe
  • тафсир - Имзои 13 санад, дастоварди нишасти Шӯрои нахуствазирони ИДМ дар Остона

Нишасти Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ бо имзои 13 санади ҳамкорӣ дар пойтахти Қазоқистон ба поён расид .

Дар поёни ин нишаст ҳамчунин муқарар шуд раёсати ИДМ аз Қазоқистон ба Қирғизистон мунтақил шавад . Дар нишасти Шӯрои нахуствазирони ИДМ ширкаткунандагон тавофуқномаҳое дар мавриди тиҷорати озоди хадамот, фаъолият ва сармоягузорӣ имзо карданд . Ҷудо аз имзои асноди ҳамкории кишварҳои ёдшуда дар ҷараёни нишасти Остона, коршиносон бар ин боваранд, ки масоили матраҳшуда тавассути сиёсатмадорони кишварҳои ширкаткунанда дар нишасти Остона аз аҳамияти бештаре дар муқоиса бо асноди имзошуда бархурдор будааст . Дар ҳақиқат сиёсатмадорони кишварҳои узви ИДМ дар ҷараёни нишасти Остона фурсате ба даст оварданд, то мавозиъи кишварҳои худро дар иртибот бо масоили минтақа иброз доранд .
Аз муҳимтарин масоили матраҳшуда дар ҷараёни нишасти Остона тарҳи масоили минтақаи Қафқози ҷанубӣ ва имзои тавофуқномаи даҳмодаии сулҳи Қарабоғ аст . Дар изҳори назарҳои сарони кишварҳои ИДМ дар нишасти Остона мавзӯъоти муҳимме, ки барои ҳар кадом аз кишварҳои минтақа дар нишастҳои оянда дорои аҳамият аст  аз сӯи мақомоти ин даста аз давлатҳо матраҳ шудааст . Ба унвони мисол ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Русия бо интишори баёнияе эълом кард :
" Густариши равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва ҳамлу нақл дар минтақаи Қафқози ҷанубӣ аз мавзӯъоти муҳиму мавриди баҳс дар нишасти рӯзи душанбе ( аввали ноябр ) дар Сочи хоҳад буд " .
Пеш аз ин Владимир Путин-раиси Ҷумҳурии Русия дар ҷараёни нишасти фавқулодаи Шӯрои нахуствазирони Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ рӯзи ҷумъа ( 28 октябр ) дар суханоне бо таъкид бар алоқамандии Русия ба барқарории субот дар минтақаи Қафқози ҷанубӣ эълом кард : " Маскав ба манзури оддисозӣ равобити Ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон талош мекунад " .
Никол Пашинян-нахуствазири Арманистон низ рӯзи 28 октябр дар ҷараёни нишасти Остона гуфт : " Бар асоси усули пешниҳодуда тавассути Русия Ереван омодаи барқарории равобит бо Боку аст " .
Никол Пашинян ҳамчунин тасреҳ кард : " Арманистон бар асоси усӯли пешниҳодии Русия мувофиқат карда ва омодааст дар нишасти сарони се кишвар дар Сочи барқарории равобит бо Ҷумҳурии Озарбойҷонро таъйид кунад " .
Изҳороти нахуствазири Арманистон дар ҳоле аст, ки мақомҳои давлати Илҳом Алиев дар тӯли моҳҳои гузашта таблиғоти густардае мабнӣ бар дарёфти долон аз Арманистон бо кумаки муттаҳидонаш ба вижа режими нажодпарасти Исроил ва Туркия ба роҳ андохта буд . Бо вуҷуди ин таблиғоти густарда аммо бепояву асоси раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Арманистон эълом кард,ки на танҳо дар бораи вогузории долон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфтугӯ накардааст, балки дар оянда низ дар ин замина бо тарафи озарӣ гуфтугӯ нахоҳад кард .
Мақомҳои Боку-Анқара ба вижа шахси Илҳом Алиев-раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бо таблиғоти густарда дар расонаҳои минтақа ибтидо бархе овозаҳоро матраҳ карданд. Аммо овозаҳое ки ҷараёнҳои бегонае назири туркгароёну саҳюнизми байналмиллалӣ дар шимоли Арас ба роҳ андохта буданд, пас аз муддати замони кӯтоҳе ба бовари сиёсатмадорони озарӣ ва туркӣ расид . Тасаввури мақомоти давлати Боку ин аст, ки ҳар сиёсатмадоре ки дар канори режими нажодпарасти Исроил қарор бигирад, ҳокимияташ ба сурати абадӣ тазмин хоҳад шуд . Ба ҳамин далел мақомоти Боку алалхусус шахси Илҳом Алиев талош карданд, ки худро муттаҳиди модарзоду доимии режими саҳюнист муаррифӣ кунанд. Аммо таҷрибаи даҳаҳои гузашта ин ҳақиқатро исбот кардааст, ки ҳеҷ сиёсатмадоре бидуни кумаки мардуми кишвараш наметавонад дар як кишвар ҳукумат кунад .
Дар як ҷамъбандии куллӣ аз поёни нишасти Шӯрои нахуствазирони ИДМ дар Остона бояд гуфт : Изҳори назарҳои хориҷ аз мавзӯъоти аслӣ аз аҳамияти бештаре дар муқоиса бо мавзӯъоти аслии нишасти Остона аҳамият доштааст . Зеро аксари суханронҳо дар иртибот бо тарҳи масоили муҳими муртабит бо кишварҳои худ изҳори назар кардаанд . Аз ҷумла сарони Русияву Арманистон, ки нишон додаанд ба ҳалу фасли буҳрон дар Қафқози ҷанубӣ тамоюл доранд .

 

Барчасп