Июн 23, 2024 11:43 Asia/Dushanbe
  • Касби 5 нишони рангоранги намояндагони давамайдонии Эрон дар рузи нахусти мусобиқоти Қазоқистон
    Касби 5 нишони рангоранги намояндагони давамайдонии Эрон дар рузи нахусти мусобиқоти Қазоқистон

Миллипушони давамайдонии Эрон дар рузи нахусти мусобиқоти байналмилалии ҷоми Козонфии Қазоқистон 5 нишони рангоранг касб карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дар мусобиқоти байналмилалии давамайдонии ҷоми Козонфи намояндагони Эрон муваффақ ба касби 2 нишони тиллои 2 нуқра ва як биринҷ шуданд.

Дар дави 1500 метр Сайидамири Замонипур ва дар дави 400 метри бо монеъ Меҳдии Пирҷҳон унвони қаҳрамониро касб карданд.

Дар дави 100 метри бонувон низ Ҳамидаи Исмоилинажод ба мақоми нойибқаҳрамони расид .

Дар партоби диски ҳам Ҳусайни Расулӣ нойиб қаҳрамон шуд .

Дар партоби вазнаи ҳам Меҳдии Собирӣ соҳиби гардановез биринҷ шуд .

Рақобатҳои байналмилалии ҷоми Козонуфи дируз шанбе дар шаҳри Алматои Қазоқистон оғоз шудааст.

Барчасп