Ноябр 03, 2022 13:22 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Русия ва Туркманистон барои эҷоди Комиссиони порлумонии ҳамкорӣ

Раисони маҷолиси олии Туркманистону Русия дар Маскав тавофуқномаи эҷоди Комиссиони порлумонӣ ва ҳамкориро имзо карданд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси Маҷлиси халқи маслиҳатии Туркманистон ва Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Русия дар Маскав тавофуқномаи эҷоди Комиссиони порлумонӣ ва ҳамкориро имзо карданд.

Ба даъвати раиси Шӯрои федерасиюни Русия, Бердимуҳаммадов дар як сафари корӣ ба Маскав сафар кардааст.

Матвиенко ибрози итминон кард, санади имзо шуда марҳалаи ҷадиде дар тавсеаи ҳамкориҳои байни порлумониро имконпазир сохта иҷоза медиҳад то ба дурустӣ ниҳодина шавад ва чашмандозҳои ҷадидеро барои ҳамкории байни қонунгузорони ду кишвар бигушояд.

Вай дастур дод, ташкили бахшҳои миллии комиссион оғоз шавад ва дар мавриди таърихи аввалин ҷаласа тасмим гирифта шавад, ки тайи он ойинномаи тасвибу барномаи кории солона танзим шавад.

Ба навбаи худ, Бердимуҳаммадов низ хотирнишон кард, таъомули порлумонӣ кумаки бузурге ба тавсеаи мудовими мушорикати стротежӣ байни ду кишвар, тақвияти дустӣ ва дарки мутақобили байни кишварҳо ва мардумоне аст, ки бо таъриху фарҳанги амиқ муттаҳид шудаанд.

 

Барчасп