Тавҳини нашрияи фаронсавӣ ба тими миллии Қатар
Корбарони фазои маҷозӣ бо интиқод аз карикатураи мунташиршуда дар нашрияи Le Canard enchaine-и Фаронса, ки дар он футболистҳои қатарӣ дар либоси террористҳо ба тасвир кашида шудаанд, ин иқдомро « нажодпарастона » тавсиф карданд .
Дар ин тасвирсозӣ футболистҳое бо ришу пероҳани варзишии шуморадор, ки рӯй он калимаи « Қатар » навишта шуда дида мешаванд, ки бо худ навъҳои гуногуни муҳимоти ҷангӣ аз ҷумлаи корд, аслиҳа ва мӯшакандоз ҳамл мекунанд .
Яке аз шахсиятҳои ин карикатура маводи тарканда дар даст дорад ва дигарон бо кулоҳи суратпӯш ва дигар лавозими ҷонибии мунтасаб ба террористҳо ба тасвир кашида шудаанд .
Ин нахустин бор нест, ки нашриёти фаронсавӣ иқдом ба таҳрики азҳони умумӣ ва исломҳаросии созмон ёфта мекунанд . Нашрияи Шарли Эбдо низ соли гузашта бо интишори карикатураи тавҳиномез аз Паёмбари ислом ( с ) хашму эътирози мусулмонони саросари ҷаҳонро дар пай дошт .