Тавҳини нашрияи фаронсавӣ ба тими миллии Қатар
(last modified Sat, 12 Nov 2022 04:15:41 GMT )
Ноябр 12, 2022 09:15 Asia/Dushanbe
  • Тавҳини нашрияи фаронсавӣ ба тими миллии Қатар

Корбарони фазои маҷозӣ бо интиқод аз карикатураи мунташиршуда дар нашрияи Le Canard enchaine-и Фаронса, ки дар он футболистҳои қатарӣ дар либоси террористҳо ба тасвир кашида шудаанд, ин иқдомро « нажодпарастона » тавсиф карданд .

Дар ин тасвирсозӣ  футболистҳое бо ришу пероҳани варзишии шуморадор, ки рӯй он калимаи « Қатар » навишта шуда дида мешаванд, ки бо худ навъҳои гуногуни муҳимоти ҷангӣ аз ҷумлаи корд, аслиҳа ва мӯшакандоз ҳамл мекунанд .

Яке аз шахсиятҳои ин карикатура маводи тарканда дар даст дорад ва дигарон бо кулоҳи суратпӯш ва дигар лавозими ҷонибии мунтасаб ба террористҳо ба тасвир кашида шудаанд .

Ин нахустин бор нест, ки нашриёти фаронсавӣ иқдом ба таҳрики азҳони умумӣ ва исломҳаросии созмон ёфта мекунанд . Нашрияи Шарли Эбдо низ соли гузашта бо интишори карикатураи тавҳиномез аз Паёмбари ислом ( с ) хашму эътирози мусулмонони саросари ҷаҳонро дар пай дошт .