Ҷоми ҷаҳонии футбол вориди Қатар шуд
(last modified Sun, 13 Nov 2022 13:18:38 GMT )
Ноябр 13, 2022 18:18 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми ҷаҳонии футбол вориди Қатар шуд

Ҷоми ҷаҳонии футбол чанд рӯз монда ба шурӯи 22-умин давраи ин мусобиқот вориди Давҳа, пойтахти Қатар шуд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол пас аз гузаштан аз беш аз 50 кишвар ва минтақаи ҷаҳон чанд рӯз монда ба шурӯи 22-умин давраи ин мусобиқот (2022 Қатар) субҳи имрӯз якшанбе вориди Давҳа шуд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол (ҷоми ФИФА) дар соли 1974 аз тиллои 18 айёр сохта шуда, ки 36,8 санти метри иртифо ва 6,1 килограм вазн дорад.

Ин ҷом тавассути ширкати “Stabilimento Artistico Bertoni” дар Италия сохта шуд ва ду муҷассамаи инсониро нишон медиҳад, ки кураи заминро боло нигаҳ доштаанд. Дорандаи феълии ин ҷом Фаронса, қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии 2018 аст.

22-умин давраи Мусобиқоти ҷаҳонии қаҳрамонии футболи мардон қарор аст аз 20 ноябр то 18 декабри 2022 дар кишвари Қатар баргузор шавад.

Ин нахустин ҷоми ҷаҳонӣ мебошад, ки токунӯн дар тирамоҳ баргузор мешавад.