Афзоиши ҳашт баробарии воридоти ангиштсанг ба Иттиҳодияи Аврупо
(last modified Tue, 15 Nov 2022 09:36:29 GMT )
Ноябр 15, 2022 14:36 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳашт баробарии воридоти ангиштсанг ба Иттиҳодияи Аврупо

Воридоти ангиштсанг ба Иттиҳодияи Аврупо аз замони оғози ҷанги Украина ҳашт баробар афзоиш ёфтааст .

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина Амрико ва ҳампаймононаш Русияро таҳти таҳримҳои густарда қарор доданду коҳиши вобастагӣ ба гази Маскавро хостор шуднд .
Ба гузориши Садои Хуросон, таҳримҳои Амрикову муттаҳидонаш алайҳи Русия дар ҳоле аст ки Ғарб ба рағми ҳамаи ин иқдомот  воҳимаи онро дорад ки ташдиди таҳрими Русия дар бахшҳои иқтисодӣ ба вижаи бахши нафту газ шароити иқтисодии Аврупо ва бозорҳои ҷаҳонии энержиро беш аз пеш ба ҳам занад .
Таҳримҳои мутанаввиъи эҷодшуда алайҳи Рӯсия то кунун иқтисоди Аврупоро бо чолишҳои зиёде мувоҷеҳ кардааст .
Ин мавзӯъ сабаб шудааст ки бисёре аз кишварҳо дар ҷаҳон ва аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ ба сӯхти ангиштсанг рӯй оваранд .
Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Дойча вела ; Олмон талош мекунад бо истифода аз ин сӯхт мизони асароти буҳрони сӯхт бар худро коҳиш диҳад .
Дар ин миёни кишварҳое чун Африқои ҷанӯбӣ аз ин вазъият сӯди ҳангуфтеро насиби худ кардаанд .
Ин ба иллати он аст ки тақозо дар ҷаҳон барои сӯхти ангиштсанг афзоиш ёфтааст .
Сухтҳои фусилӣ дар ҳоли ҳозир дар Аврупо бисёр гаронқимат ҳастанд .
Ин мавзӯъ сабаб шудааст ки бисёре аз кишварҳо шурӯ ба воридоти ангиштсанг кунанд .