Подоши ФИФА барои ҳамаи тимҳои ҳозир дар Ҷоми Ҷаҳонӣ
(last modified Tue, 15 Nov 2022 13:36:58 GMT )
Ноябр 15, 2022 18:36 Asia/Dushanbe
  • Подоши ФИФА барои ҳамаи тимҳои ҳозир дар Ҷоми Ҷаҳонӣ
    Подоши ФИФА барои ҳамаи тимҳои ҳозир дар Ҷоми Ҷаҳонӣ

Федератсияи байналмиллалии футбол дар ин давра аз Ҷоми Ҷаҳонӣ барои тимҳои бартар ва ҳамчунин бозикунони ҳозир дар он подошҳоеро дар назар гирифта аст.

Ба гузориши ИРНА, ФИФА дар канори барномарези ва танзими барномаҳои Ҷоми Ҷаҳонӣ мутобиқи қавонини худ барои ҳузури ҳарузаи бозикунон дар ин ҷом маблағи қобили таъмин ба унвони подош дар назар гирифта аст.

Бин бар эъломи Федератсияи байналмиллалии футбол қарор аст дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатар барои ҳар руз ҳузури бозикунон дар ҷом 10 ҳазор доллар ба тимҳои бошгоҳҳои онҳо пардохт шавад ин рақам то поёни даври гуруҳи 180 ҳазор доллар мешавад ва бо болотар рафтани тимҳои рақами ёдшуда низ бештар мешавад.

Маблағи 10 ҳазор доллар, ки аз ду ҳафтаи қабл аз бози ифтитоҳия ва то як руз пас аз охирин бозии тимҳои мади назар гирифта шуда аст.

Ҷоиза ФИФА барои қаҳрамони Ҷоми Ҷаҳонӣ низ 42 миллион доллар хоҳад буд, рақами беш аз ҷоизаи таъин шуда дар Ҷоми Ҷаҳонии 2018 Русия, ки 38 миллион доллар буд.

Тими дувуми Ҷоми Ҷаҳони ҳам 30 ҳазор доллар ва тими севум ҳам 27 миллион доллар дарёфт хоҳад кард ин дар ҳоле аст, ки барои тими чаҳорум ҳам маблағи 25 миллион доллар дар назар гирифта шуда аст.

Аз суи дигар тимҳои панҷум то ҳаштум ҳам ба тартиб 17 миллион доллар дарёфт мекунанд, ки дар маҷмуъ 68 миллион доллар маблағ таъин шуда аст.

Тимҳои қарор гирифта дар ҷойгоҳи 9 то 16 ба тартиб 13 миллион доллар яъне дар маҷмуъ 104 миллион доллар дарёфт хоҳанд кард.

Ба тимҳои 17 то 23 ҳам 9 миллион доллар яъне дар маҷмуъ 144 миллион доллар пардохт хоҳад шуд.