Ноябр 16, 2022 19:56 Asia/Dushanbe
  • Даъвати поп Франсис ба оташас
    Даъвати поп Франсис ба оташас

Раҳбари католикҳои ҷаҳон барқарории оташбас дар Украинаро ба манзури ҷилавгирӣ аз хатари ташдиди даргириҳо хостор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон имрӯз - чаҳоршанбе мавҷи ҷадиди ҳамалот ба Украинаро маҳкум кард.

Поп Франсис ҳамзамон бо таҳқиқоти кишварҳои узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар бораи гузоришҳои таъйиднашуда дар мавриди ҳамалоти мушакӣ дар марзи Русия, тарафайни даргириро ба барқарории оташбас даъват кард ва аз Худо хост ҳар чӣ зудтар ба поён ёфтани ин даргирӣ кумак кунад.

Ин таҳқиқот дар бораи инфиҷор дар рустои лаҳистонӣ дар наздикии марз бо Украина аст, ки ибтидо бархе гумонҳо нишон медод, дар натиҷаи ҳамалоти мушакии Русия ба вуқуъ пайвастааст, вале соъоте баъд эълом шуд, ки мушаки суқуткарда дар Полша украинӣ будааст.

Поп Франсис ба ин ҳодиса ишорае накард.

Тибқи ин гузориш, Вазорати дифои Русия пештар эълом карда буд, неруҳои мо ҳеҷ ҳамлае ба мавозеи ҳамҷавор бо марзи Украина ва Полша анҷом надодаанд.

Андрей Дуда, раиси ҷумҳурии Полша дар як конфронси матбуотӣ эълом кард, ки мақомҳои кишвараш иттилооти дақиқе дар мавриди ин ки чӣ кишваре мушакеро, ки дар шарқи ин ҷумҳурӣ суқут кард, надорад.

Дар ҳамин росто, хабаргузории “Ассошейтед Пресс” ба нақл аз се мақоми амрикоӣ, ки хостанд номашон фош нашавад, навишт: Баровардҳои аввалия нишон медиҳад, мушаки падофанди ҳавоии Украина дар хоки Полша суқут кардааст.

Манобеи огоҳ дар НАТО ба тозагӣ хабар доданд, ки украинӣ будани мушаки исобатшуда дар хоки Полша ба тайиди раиси ҷумҳурии Амрико ва иттилои кишварҳои ғарбӣ расидааст.

 

Барчасп