Ноябр 03, 2022 11:34 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши шайх Исо Қосим
    Вокуниши шайх Исо Қосим

Раҳбари шиаёни Баҳрайн ба ҳузури поп ва шайхи Ал-Азҳар дар ҳамоиши Оли Халифа бо унвони "Ҳамоиши ҳамзистӣ" вокуниш нишон дод.

Шайх Исо Қосим дар баёнияе аз чеҳраҳои барҷастаи диниву мазҳабӣ хост, дар сурати ширкат дар ҳамоиши ҳамзистӣ шуҷоона назароти худро эълом кунанд.

Шайх Исо Қосим дар ин баёния навишт: Чеҳраҳову уламои барҷастаи исломӣ ва ғайриисломӣ ба ин ҳамоиш даъват шудаанд то арзишу аҳамияти онро дар афкори уммати исломӣ боло бибаранд, зеро розӣ кардани миллатҳои исломӣ бо натоиҷи ин ҳамоиш аз муҳимтарин аҳдофи баргузории он аст.

Шайх Исо Қосим изофа кард, агар натоиҷи ин ҳамоиш бар хилофи дину адолату каромати инсонӣ бошад ва ин чеҳраҳо низ дар таъйиду тасвиби ин натоиҷ шарик бошанд, онҳо масъул хоҳанд буд, магар ин ки ба таври ошкор аз барномаҳо ва дастовардҳои эъломии ин ҳамоиш эъломи безорӣ кунанд.

Дар баёнияи раҳбари шиаёни Баҳрайн ҳамчунин омадааст: Ин ҳамоиш дар ростои одисозии равобит дар минтақа ва Баҳрайн бо Исроил ва зулми бештар ба миллати Баҳрайн баргузор мешавад, ки аз абъоди мухталифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, динӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ зери зулм ҳастанду кайфияти зиндагӣ дар Баҳрайн ва мустанадоти созмонҳои ҳуқуқии дохиливу хориҷӣ беҳтарин шоҳид бар ин мавзуъ аст.

Баҳрайн аз 14 феврали соли 2011 мелодӣ шоҳиди инқилоби мардумӣ алайҳи режими Оли Халифа аст. Мардум хоҳони озодӣ, барқарории адолат ва рафъи табъиз ва рӯйи кор омадани низоме мунтахаб дар кишварашон ҳастанд.

 

Барчасп