Ноябр 17, 2022 13:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия нисбат ба фаъолияти террористҳои ДИИШ дар Афғонистон

Русия дар бораи фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар бахшҳое аз Афғонистон бавижа дар шимоли ин кишвар ҳушдор дод.

Замир Кобулов, намояндаи раёсатҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон дар ин бора гуфт, фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ дар манотиқи шимолии Афғонистон нигаронкунандааст.

Ин мақоми аршади рус гуфт: «нигаронии хоси мо ношӣ аз боқимондан ва нуфузи гурӯҳи террористии ДИИШ дар манотиқи шимолии Афғонистон ҳаммарз бо шарикони Осиёи Марказии Русия аст».

Вай гуфт, Русия аз азми мақомоти кунунии Афғонистон дар кумак ба коҳиши танишҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва ҷилавгирӣ аз густариши терроризм ва маводи мухаддир дар Афғонистон қадрдонӣ мекунад.

Идораи иттилооти давлати муваққати Толибон ахиран дар баёнияе эълом кард, Абдулмолик Фар, масъул ва таъминкунандаи молии ДИИШ аз кишварҳои аврупоиро дар вилояти Кунар боздошт кардааст.

 

Барчасп