Ноябр 17, 2022 20:43 Asia/Dushanbe
  • 99 дарсади минтақаи Луганск таҳти контроли Русия

Раиси минтақаи Луганск гуфт: 99 дарсади ин минтақа таҳти контроли Русия аст .

Ба гузориши хабаргузории РИА Новости, Леонид Пащеник имрӯз панҷшанбе бо баёни матлаби мазкӯр эълом кард неруҳои украинӣ ҳудуди як дарсад аз хоки ин минтақаро таҳти контрол доранд .
Манотиқи Донеск, Луганск, Херсон,Запарожие дар моҳи сентябри 2022 ба дунболи баргузории ҳамапурсӣ ба сурати расмӣ аз пайкараи Украина ҷудо ва ба Русия пайваст шуданд ; манотиқе ки дар маҷмӯъ ҳудуди 15 дарсад аз хоки Украинаро ташкил медиҳанд .
Русия аз 24 феврали 2022 баъд аз ба расмият шинохтани истиқлоли ду Ҷумҳурии Донеск ва Луганск аз Украина ба ин минтақа неру эъзом кард ва аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина хабар дод .

Русия ҳадафи худро аз ин иқдом нозизудоии Украина, халъи силоҳи ин кишвар, рафъи нигарониҳои амниятии худ ва иҷобати дархости кумаки Донеск ва Луганск эълом карда ва гуфтааст, ки қасди тасарруфи қаламрави Украинаро надорад .
 

 

Барчасп