Ноябр 19, 2022 19:01 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Бо тими таҳқиқотӣ, ҳамкорӣ намекунам

Раисиҷумҳури пешини Амрико дар вокуниш ба интисоби бозпурси вижаи таҳқиқ дар заминаи парвандаи ҷиноии ошӯби 6 январ ва тамаллуки асноди маҳрамонаи раёсатҷумҳурӣ гуфт, ки бо тими таҳқиқотӣ, ҳамкорӣ намекунад.

Доналд Трамп дар мусоҳиба бо шабакаи Факснюз таъкид кард, ки бо "сиёсатзадатарин додгустарӣ дар Амрико" ҳамкорӣ намекунад.

Трамп интисоби як додситони вижаи ҳавзаи ҷиноёти ҷангӣ барои анҷоми таҳқиқот дар мавриди худро дар вокуниш ба эъломи омодагиаш барои номзадии ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи 2024 раёсатҷумҳурӣ донист.

Вай бо иддаои инки ӯ муртакиби хатое нашудааст, гуфт, ҳамаи раисониҷумҳури қабл архивҳои даврони раёсатҷумҳуриро назди худ нигаҳ медоштанд ва касе ҳам коре ба корашон надошт.

Трамп дар ҳоли ҳозир парвандаҳои қазои мутаъаддиде дорад, ки аз ҷумлаи онҳо метавон ба эҳтимоли нақш доштани вай дар ҳамла ба бинои Конгресс дар 6 январи 2021 ва низ фирорҳои мутаъаддиди молиётӣ ва табонӣ бо бозаргонон барои давр задани қавонини тиҷорӣ ишора кард.

 

Барчасп