Ноябр 21, 2022 12:25 Asia/Dushanbe
  • Дар Буркина Фасо эътирозот алайҳи ҳузӯри нерӯҳои Фаронса дар ҳоли афзоиш аст
    Дар Буркина Фасо эътирозот алайҳи ҳузӯри нерӯҳои Фаронса дар ҳоли афзоиш аст

Раиси Ҷумҳӯри Фаронса бидуни ёдоварии собиқаи тӯлонии истеъмори кишвараш дар кишварҳои африқоӣ, Русияро муттаҳам ба ҷоталабӣ дар қораи Африқо кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Эммануэл Макрон раиси Ҷумҳӯри Фаронса дар ҳошияи иҷлоси кишварҳои фаронсавӣ забон дар Тунис дар мусоҳиба бо як шабакаи телефизиони гуфт, шуморе аз қудратҳо, ки мехоҳанд нуфӯзи худро дар Африқо густариш диҳанд.

Макрон бидуни ишора ба солҳои ғорати мардуми қораи Африқо муддаӣ шуд, ки рафтори Русия дар қораи Африқо ғоратгарона аст.

Дар таҳавули дигар вазири дифоъӣ Фаронса рӯзи якшанбе гуфт, ки Фаронса хурӯҷи нерӯҳои вижаи худ аз  Буркина Фасо рад накардааст.

Дар Буркина Фасо эътирозотр алайҳи ҳузӯри нерӯҳои Фаронса дар ҳоли афзоиш аст.

Полиси Буркина Фасо ҷумъаи гузашта аз гази ашковар барои мутафариқ кардани саддҳо муътариз, ки ба самти сафорати Фаронса дар Ouahigouya роҳпаймои карда буданд, истифода кард.

Бештар бихонед:

 

Барчасп