Дархости Созмони Миллал барои коҳиши танишҳо дар минтақаи ғарбӣ Осиё
(last modified Wed, 23 Nov 2022 06:49:35 GMT )
Ноябр 23, 2022 11:49 Asia/Dushanbe
  • Ба гуфтаи Фарҳон Ҳақ, бар асоси қавонини байналмиллалӣ аз ғайри низомиён бояд муҳофизат шавад
    Ба гуфтаи Фарҳон Ҳақ, бар асоси қавонини байналмиллалӣ аз ғайри низомиён бояд муҳофизат шавад

Муовини сухангуи Созмони Миллали Муттаҳид таъкид кард, ки ин ниҳод ҳамчунон хостори коҳиши танишҳо дар минтақаи ғарбӣ Осиё аст.

Ба гузориши Садои Хуросон Фарҳон Ҳақ, муовини сухангуи Созхмони Милллаи Муттаҳид дар хусусӣ вазъияти кунунии Туркия, Ироқ ва Сурия гуфт: Мо ҳамчунон хостори ҳаддиаксарии хештандории ҳамаи тарафҳо ҳастем ва аз онҳо мехоҳем аз ташдиди танишҳо худдори кунанд.

Ин мақоми Созмони Миллали Муттаҳид рӯзи душабе ва вақти маҳалӣ низ дар ҷамъи хабрнигорон дар бораи ҳамалоти артиши Туркия ба шимоли Ироқ ва Сурия гуфт: Антонио Гутерреш Дабри кулли Созмони Миллал бо дархост аз ҳама тарафҳо барои ҳифзи хештандорӣ нигаронии амиқи худро дар хусуси таъсири даргириҳо бар ғайри низомиён иброз медорад.

Ба гуфтаи Фарҳон Ҳақ, бар асоси қавонини байналмиллалӣ аз ғайри низомиён бояд муҳофизат шавад ва дар заминаи Сурия, Дабири кул аҳамияти зиёде ба ҳифзи оташабасҳои тавофуқ шуда байни тарафҳои мухталиф ва эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия медиҳад.

Бештар бихонед: