Вокуниши Улянов ба таҳаррукоти нави иқтисодии Ғарб алайҳи Маскав
https://parstoday.ir/tg/news/world-i94582-Вокуниши_Улянов_ба_таҳаррукоти_нави_иқтисодии_Ғарб_алайҳи_Маскав
Михаил Улянов-намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена ба таҳаррукоти аврупоиҳо барои таъйини сақфи қимат барои нафти Русия вокуниш нишон дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 24, 2022 20:28 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Улянов ба таҳаррукоти нави иқтисодии Ғарб алайҳи Маскав

Михаил Улянов-намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена ба таҳаррукоти аврупоиҳо барои таъйини сақфи қимат барои нафти Русия вокуниш нишон дод .

Вазорати хазонадории Амрико ба унвони бахше аз барномаҳо барои коҳиши даромадҳои Маскав нафти Ҷопонро аз сақфи қимати Русия мустасно мекунад .
Сақфи қимат бо тавофуқи ҳафт кишвари саноъатии ҷаҳон мавсӯм ба гуруҳи 7 ва Австралия аз панҷуми декабр барои нафти хом иҷро мешавад .

Гуруҳи 7 шомили Британия, Канада, Фаронса, Олмон, Италия,Ҷопон ва Амрико ба иловаи Иттиҳодия Аврупо аст.
Ба гузориши Русияалявм, Михаил Улянов-намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена ба таҳаррукоти аврупоиҳо барои таъйини сақфи қимат барои нафти Русия вокуниш нишон дод ва гуфт : Ғарб душмани аслии иқтисоди бозор аст. Онҳо мехоҳанд барои қимати нафту гази Русия сақф таъйин кунанд . Ғарб дар ҳоли густариши тотолитаризм ба ҳавзаи иқтисодӣ аст

Лозим ба зикр аст, ки Блумберг пештар ба нақл аз манобеи худ оварда буд, ки Иттиҳодияи Аврупо бо ҳамоҳангии гуруҳи 7 дар ҳоли баррасии имкони таъйини сақф барои қимати нафти Русия байни 65 то 70 доллар барои ҳар бушка аст .