Трамп: Пайвастани Қримро ба Русия ба расмият мешиносам
https://parstoday.ir/tg/news/world-i946-Трамп_Пайвастани_Қримро_ба_Русия_ба_расмият_мешиносам
Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико дар интихоботи раёсатҷумҳури ин кишвар, ки дар бораи бархе масоили сиёсӣ то кунун мавозеи ҷанҷолбарангезе аз худ нишон дода, гуфтааст, агар раисҷумҳури Амрико шавад, пайвастани шибҳиҷазираи Қримро ба Русия ба расмият хоҳад шинохт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 28, 2016 12:28 Asia/Dushanbe
  • Трамп:  Пайвастани Қримро ба Русия ба расмият мешиносам

Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико дар интихоботи раёсатҷумҳури ин кишвар, ки дар бораи бархе масоили сиёсӣ то кунун мавозеи ҷанҷолбарангезе аз худ нишон дода, гуфтааст, агар раисҷумҳури Амрико шавад, пайвастани шибҳиҷазираи Қримро ба Русия ба расмият хоҳад шинохт.

Номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико гуфт, агар раисҷумҳури Амрико шавад, ҳозир аст, пайвастани шибҳиҷазираи Қримро ба Русия ба расмият бишносад.

Ба иттилои пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико дар интихоботи ояндаи раёсатҷумҳури кишвар эълом кардааст, агар ба Кохи Сафед роҳ пайдо кунад, лағви таҳримҳои Ғарбро зидди Русия ва низ ба расмияти шинохтани пайвастани  шибҳиҷазираи Қримро ба Русия баррасӣ хоҳад кард.

Трамп дар гузашта низ дар бораи бархе масоили муҳим, аз ҷумла буҳрони Сурия, муҳоҷирати мусалмонон ба Амрико ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ мавзеъгирҳои ҷанҷолбарангезе доштааст. Ин дар ҳоле аст, ки Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико илҳоқи шибҳиҷазираи Қримро ба Русия ба расмият намешиносад ва ҳатто таҳримҳои алайҳи Русия вазъшударо ҳифз ва дар сурати ниёз ташдид кардааст.

Сокинони Қрим бо баргузор кардани ҳампурсӣ дар 16 марти соли 2014 ва бо орои аксарият мувофиқати худро бо пайвастан ба Русия эълом карданд. Амрико ва кишварҳои ғарбӣ пас аз ин ҳамапурсӣ ва илҳоқи шибҳиҷазираи Қрим ба Русия чандин бор зидди Маскав таҳрим вазъ карданд.