Ноябр 29, 2022 11:08 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар ; Португалия сеюмин тими роҳёфта ба даври баъдӣ

Португалия бо шикасти Уругвай ба унвони сеюмин тим ба даври баъдии Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар роҳ ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар гуруҳи H  Ҷоми ҷаҳонии Қатар, ду тими Португалия ва Уругвай ба масофи ҳам рафтанд ، ки ин дидор бо натиҷаи 2 бар 0 ба нафъи Португалия хотима ёфт .
Ин охирин бозии даври дувуми гуруҳии рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии Қатар буд .
Алиризои Фиғонӣ, Муҳаммадризо Мансурӣ ва Муҳаммадризо Абулфазлӣ-се довари эронӣ қазовати ин дидорро бар уҳда доштанд.
Португалия бо касби ин 3 имтиёз 6 имтиёзӣ шуд ва пас аз Фаронсаву Бразилия сеюмин тиме аст, ки суъӯди худ ба марҳалаи як ҳаштуми Ҷоми ҷаҳонии Қатарро қатъӣ кард .
Дигари дидори ин гуруҳро рӯзи душанбе ду тими Ғано ва Кореяи ҷанубӣ баргузор карданд, ки ин дидори диданӣ ва пургол бо натиҷаи 3 бар 2 ба нафъи Ғано хотима ёфт.
Пас аз Португалия, Ғано бо 3 имтиёз дар радаи дувуми ин гуруҳ қарор дорад . Дидорҳои рӯзи охири ин гуруҳ ҷумъаи оянда миёни Кореяи ҷанубӣ ва Португалия ва Уругвай ва Ғано баргузор хоҳад шуд.
 

 

Барчасп