Таъкиди Путин бар густариши равобити Чин ва Русия
(last modified Tue, 29 Nov 2022 13:17:15 GMT )
Ноябр 29, 2022 18:17 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар густариши равобити Чин ва Русия
    Таъкиди Путин бар густариши равобити Чин ва Русия

Раиси Ҷумҳурии Русия эълом кард, ки равобити Маскав ва Пекин бо вуҷуди вазъияти бесубот дар арсаҳои ҷаҳонӣ ба таври пайваста тақвият мешавад.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия дар паёми ба ширкаткунандагон дар ҳамоиши тиҷории энержии Русия-Чин саноъати энержиро ҳамчунон яке аз калидитарин ҳавзаҳои ҳамкории иқтисодии ду кишвар донист ва широкати ҷомеъ ва таъомули роҳбурдии ду тарафро дар ҳоли рушди бештар тавсиф кард.

Дар паёми раиси Ҷумҳурии Русия, ки аз суи Игор Сечин, мудири иҷроӣ Ростнефт қироат шуд омода аст, ки Маскав ва Пекин ахиран дар тазмини сатҳи нисбатан болори равобити дуҷониба дар бахшҳои энержӣ, ангиштсанг, газ ва нефт мувафақ амал карданд ва ба таври идомадор бар руи иҷрои тарҳҳои муштараки бузург дар неругоҳҳои ҳастаӣ Чин ва тавлиди гази табиъии моеъ ҳамкори мекунанд.

Ҳамзамони Си Ҷи Пинг, раиси Ҷумҳурии Чин дар баёнияе, ки дар ин ҳамоиш хонда шуд хотирнишон кард, ки Пекин хоҳони тақвияти бо Маскав дар бахши энержӣ аст.

Раиси Ҷумҳурии Чин дар ин баёния оварда аст, ки ин ҳамкори шомили тақвияти бозори ҷаҳонии энержӣ, рушди манобеъи энержии Сабз ва таъмини амнияти занҷира таъмини ҷаҳонӣ аст.

Александр Новак, муъовини нахуствазири Русия ҳам дар ҳамоиши тиҷории энержии Чин ва Русия дар Маскав аз рушди ҳамкориҳои муштараки ду кишвар дар бахши тавлиди таҷҳизоти газ ва нефт хабар дод.