Декабр 02, 2022 20:01 Asia/Dushanbe
  • Михаил Подоляк, мушовири раиси ҷумҳурии Украина
    Михаил Подоляк, мушовири раиси ҷумҳурии Украина

Михаил Подоляк, мушовири раиси ҷумҳурии Украина гуфт, неруҳои мусаллаҳи кишвар то кунун байни 10 то 13 ҳазор сарбозро дар ҷанг алайҳи Русия аз даст додаанд.

Подоляк панҷшанбешаб дар гуфтугӯ бо телевизиони канали 24 –и Украина гуфт: “Мо арқоми расмӣ аз ситоди кул ва аз фармондеҳии олӣ дорем, ки нишондиҳандаи ин теъдод аз кушта шудани сарбозон дар ҷанг аст”.

Мушовири раиси ҷумҳурии Украина дар идома афзуд, теъдоди сарбозоне ки маҷруҳ шудаанд, бештар аз кушташудагон аст.

Пеш аз ин охирин талафоту кушташудагони неруҳои Украина дар ҷанг алайҳи Русия дар авохири моҳи август наздик ба 9 ҳазор нафар гузориш шуда буд.

9 моҳ аз ҷанги Украина бо ҳамаи табаоти густардаи сиёсӣ, низомӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто фарҳангиаш мегузарад ва ирсоли таслеҳоти кишварҳои ғарбӣ барои Украина ҳамчунон идома дорад.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп