Сиёсатмадори фаронсавӣ хостори хуруҷи Порис аз Иттиҳодияи Аврупо шуд
(last modified Sun, 04 Dec 2022 05:39:05 GMT )
Декабр 04, 2022 10:39 Asia/Dushanbe
  • Сиёсатмадори фаронсавӣ хостори хуруҷи Порис аз Иттиҳодияи Аврупо шуд
    Сиёсатмадори фаронсавӣ хостори хуруҷи Порис аз Иттиҳодияи Аврупо шуд

Филиппин Флория раҳбари ҳизби меҳанпарастони Фаронса ва намояндаи собиқи парлумони Аврупо аз Порис хост, ки аз Иттиҳодияи Аврупо хориҷ шавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Филиппин Флория дар саифаи худ дар твиттер навишт: Иттиҳодияи Аврупо Маҷористонро таҳдид кард, ки аз 13 миллиард евра маҳрум хоҳад кард ва ин кишварро дар буҳрони шадид қарор дода аст.

Ин сиёсатмадори фаронсавӣ навишт: Дар ҳақиқат иллати аслии ин иқдомоти Иттиҳодияи Аврупо он аст, ки Маҷористон бо Урсула Вондерлайн, раиси комисяи Иттиҳодияи Аврупо дар бораи зарурияти ҳимояти комил аз Владимир Зеленский, раиси Ҷумҳурии Украина мувофиқ набуда аст.

Флория таъкид кард: Иттиҳодияи Аврупо як ниҳоди тамомиятхоҳ аст ва бояд онро тарк кард.

Хабаргузории Блумберг моҳи сентябр гузориш карда буд, ки раиси комисяи Иттиҳодияи Аврупо ба ин иттиҳодия тавсияи карда аст, ки ба иттиҳоми вуҷуди ришваи шадид дар Маҷористон таъмини эътибор ба ин кишвар коҳиш диҳанд.

Виктор Оребу, нахуствазири Маҷористон бо интиқодоти пай дар пай аз таҳримҳое, ки Иттиҳодияи Аврупо ба далели ҷанг дар Украина зидди Русия эъмол кард мақомоти ин иттиҳодияро хашмгин карда аст.