Таҳлил: Ради шартҳои Байден барои дидор бо Путин аз тарафи Русия
(last modified Sun, 04 Dec 2022 11:59:07 GMT )
Декабр 04, 2022 16:59 Asia/Dushanbe
  • Ҷо Байден  гуфт: Путин воқеъан қасди поён додан ба даргириҳои Украинаро дошта бошад ӯ низ барои гуфтугӯ бо Раиси Ҷумҳурии Русия омода хоҳад буд
    Ҷо Байден гуфт: Путин воқеъан қасди поён додан ба даргириҳои Украинаро дошта бошад ӯ низ барои гуфтугӯ бо Раиси Ҷумҳурии Русия омода хоҳад буд

Кремл рузи ҷӯъма шартеро, ки Ҷо Байден, Раиси Ҷумҳурии Амрико барои музокира бо Владимир Путин бар сари бӯҳрони Украина матраҳ карда буд рад ва эълом кард, ки ҳамалоти Русия ба Украина идома хоҳад дошт.

Дмитрий Песков, сухангуи Кремл ба хабарнигорон гуфт: Раиси Ҷумҳурии Амрико дар воқеъ гуфт, ки музокирот танҳо замони имконпазир хоҳад буд, ки Путин неруҳояшро аз Украина берун бибарад. Маскав чунин шартеро намепазирад Песков бар ҳамин асос аз идомадор будани амалиёти вижаи Русия дар Украина хабар дод.

Ҷо Байден рузи панҷшанбе ва дар ҷараёни сафари расмии Эммануэл Макрон, Раиси Ҷумҳурии Фаронса ба Амрико эълом карда буд, ки агар Путин воқеъан қасди поён додан ба даргириҳои Украинаро дошта бошад ӯ низ барои гуфтугӯ бо Раиси Ҷумҳурии Русия омода хоҳад буд ӯ ҳамчунин  афзӯд, ки бо Раиси Ҷумуҳрии Фаронса тавофуқ карданд Путинро нисбат ба идомаи даргири дар Украина посухгӯ нигаҳ доранд.

Далелҳои мухталифе дар заминаи чархиши мавзеъи Байден қобили зикр аст аввал ин ки сели кумакҳои таслиҳотии Аврупо ва Амрико ба Украина акнун ба вижа дар бораи кишварҳои аврупоӣ дучори таноқуз шудааст. Дар воқеъ аъзои аврупоӣ НАТО фоқиди захираҳои таслиҳотии анбуҳ монанди Амрико ҳастанд ва лизо акнун ин кишварҳо сухан аз холи шудани анборҳои муҳимот ва таслиҳоти худ ва набуди имкони ирсоли силоҳ ба Украина мегуянд.

Дар ин росто қонунгузорони италяӣ рузи панҷшанбе лоиҳаеро, ки иҷоза медод ин кишвар бидуни тасвиби парлумон ба Украина таслиҳот ирсол кунад лағв карданд дигар кишварҳои аврупоӣ аз ҷумла Олмон низ дучори мушкили мушобеҳ ҳастанд ба ин тартиб ба тадриҷ Амрико ночор хоҳад шуд то ба танҳои таъминкунандаи таслиҳоти Украина табдил шавад дар ҳоле, ки бо таваҷҷуҳ ба натоиҷи интихоботи миёндавраӣ Амрико ва аксарияти ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси намояндагони давлати Байден аз ин пас дар тасвиби будҷети мавриди ниёз барои таъмини таслиҳоти Украина бо душвориҳои зиёди мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ҷумҳурихоҳон хоҳони маҳдуд шудан ва назорати шадидтар бар ин кумакҳои низомӣ ҳастанд Амрико аз аввали бӯҳрони Украина ҳимояти моли, таслиҳоти ва дипломати аз Киевро сарлавҳаи иқдомоти худ қарор дод ва токунун беш аз 20 миллард доллар таслиҳот дар ихтиёри Киев қарор дода аст.

Кангреси Амрико низ чанде қабл низ ироаи кумаки амниятӣ, иқтисодӣ ва башардӯстонаи 40 миллиард доллариро ба Украина тасвиб кард албата ҳадафи калони Амрико аз талош барои тадовуми ҷанги Украина машғул кардани Маскав дар ҷанги фарсоишӣ дар Украина аст, ки мунҷар ба тазъифи ҳарчи бештари тавони низомии ва истеҳлоки манобеъи молии Русия мунҷар шавад.

Ба ҳамин далел Вашингтон ва Муттаҳидони аврупоии он яъне Британия то кунун бештарин мизони кумакҳои таслиҳотиро ба Киев ирсол карданд бо ин ҳол  тадовуми ин раванд дар оянда бисёр душвор хоҳад буд албатта Русия муътақид аст, ки ба далели иқдомоти кишварҳои ғарбӣ ва низ ҳимоятҳои молӣ ва таслиҳотии ҳамаҷониба аз Украина, Киев ба таври комил ҳаргуна пешниҳоди музокира барои оташбас ё барқарории сулҳро рад кардааст.

Омили дигари таҷдиди назари Байден дар мавзеъи қаблии худ фишори давлатҳои аврупоӣ барои хотима ёфтани ҷанги Украина бо таваҷҷӯҳ ба вахомати рӯзафзуни вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ кишварҳои аврупоӣ аст ин давлатҳо дар давраи замомдории Байден ва ҳамгароии дубораи атлантики замони худро дар ихтиёри Вашингтон қарор дода ва бидуни таваҷҷӯҳ ба паёмадҳои вахими тадовуми сиёсатҳои зидди русӣ сабаби норизоии фазояндаи шаҳрвандони аврупоиро фароҳам карданд, ки хоҳони тағири сиёсатҳои кунунии Украина дар ҷанги кунуни ва озодии минтақаҳои ишғолшуда тавассути Русия аст, ки акнун Маскав расман онҳоро ба қаламрави худ пайваст сохтааст.

Украиниҳо бо вуҷуди кумакҳои бузурги таслиҳотии ғарб сирфан пешравиҳои маҳдуде дар минтақаҳои монанди Херсон дошта ва бо фарорасидани фасли зимистон низ амалан таҳаруке дар ҷабҳаҳои ҷанги Украина рух нахоҳад дод.

Бештар  бихонед: