Декабр 04, 2022 21:25 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Иттиҳоди Аврупо аз ҷинояти саҳюнистҳо

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо зимни ибрози нигаронӣ дар бораи ташдиди хушунатҳо дар Каронаи Бохтарӣ эълом кард, ки дар рӯзҳои ахир 10 фаластинӣ кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҷозеф Боррелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи шанбе дар бораи афзоиши сатҳи хушунатҳо дар Каронаи Бохтарӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ин мақоми аршади Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки дар рӯзҳои ахир 10 фаластинӣ бо оташи неруҳои амниятии исроилӣ кушта шуданд ва бояд дар ин замина таҳқиқ шавад.

Вай афзуд, бояд бар асоси қавонини байналмилалӣ дар бораи он чизе, ки тайи рӯзҳои ахир дар Каронаи Бохтарӣ рӯй дода, таҳқиқ шавад.

 

Барчасп