Баргузории размоиши низомии мушараки Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Mon, 05 Dec 2022 13:08:23 GMT )
Декабр 05, 2022 18:08 Asia/Dushanbe
  • Баргузории размоиши низомии мушараки Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон
    Баргузории размоиши низомии мушараки Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Вазорати дифоъи Туркия аз оғози размоиши низомии муштарак бо Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод.

Дар ҷараёни ҷанги Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ дар соли 2020 Анкара бо ҳимоят аз Боку ва ирсоли кумакҳои низомӣ ҳамчун паҳподҳои сохти Туркия ба Ҷумҳурии Озарбойҷон нақши муҳим дар пирузии Боку бар Ереван дошт.

Ба гзуориши хабаргузории Садо ва Симо, Вазорати дифоъи Туркия эълом кард: Размоиши низомии муштараки Анкар-Боку дар хоки Ҷумҳурии Озарбойҷон ва бо истифода аз равишҳои ҷангии замонави иҷро мешавад.

Бар асоси эъломи Вазорати дифоъи Туркия неруҳои заминӣ, ҳавоӣ, ягонҳои вижа, ягонҳои иттилоъотӣ, мушак ва тупхоҳаои низомии Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон  барои иҷрои размоиши муштарак дар шаҳрҳои Боку, Астара, Ҷабраил, Имишли дар Ҷумҳурии Озарбойҷон мустақар шуданд.

Коршиносони низоми муътақиданд муҳимтарин ҳадафи баргузории размоишҳои низомии муштараки Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон омузиши низомӣ ва ҳамчунин озмоиши таслиҳоти фурухташудаи Анака ба Боку аст.

Туркия солона размоишҳои муштараки низомии мутаъадид бо Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мекунад.