Амрико воридоти нафт аз Русияро рад кард
(last modified Tue, 06 Dec 2022 06:21:16 GMT )
Декабр 06, 2022 11:21 Asia/Dushanbe
  • Амрико воридоти нафт аз Русияро рад кард

Сухангӯи Кохи Сафед воридоти нафт аз Русия барои пур кардани захоири роҳбурдии Амрикоро рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Карин Жан-Пьер-сухангӯи Кохи Сафед асри душанбе ба вақти маҳаллӣ дар посух ба суоли хабарнигоре, ки аз ӯ пурсид « Оё давлати Байден дар ҳоли баррасии хариди нафти Русия барои такмили захоири роҳбурдии худ аст ? », гуфт : На, зеро хариду воридоти нафти Русия мамнӯъ шудааст .
Давлати Амрико пеш аз ин эълом карда буд, ки захоири роҳбурдии нафти худро бо нафти зери 70 доллар дар ҳар бушка таъмин хоҳад кард .
Ҳамзамон Амрикову муттаҳидонаш сақфи қимати нафти Русияро 60 доллар дар ҳар бушка таъйин карданд.
Бар асоси тасмими ҷадиди Иттиҳодияи Аврупо гуруҳи 7, ки аз душанбе ба иҷро даромад танкерҳои ҳомили нафти Русия аз бимаи баҳрӣ маҳрум мешаванд; магар онкии нафти онҳо зери 60 доллар дар ҳар бушка фурӯхта шавад.
Ҷон Карби-ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед иддао кард таъйини сақфи қимати нафти Русия таъсири тӯлонимуддате бар қиматҳои ҷаҳонии нафт надорад .
Ин дар ҳоле аст, ки Димитрий Псков-сухангӯи Кремл рӯзи душанбе эълом кард баҳои нафти Русия пас аз таъйини сақфи қимат аз сӯи Ғарб тағйир мекунад.
Ҷанги Украина камтар аз ду моҳ бо як сола шудан фосила дорад. Ҷанге ки дар 24 феврал оғоз шуд ва ҳамчунон бо вокунишҳои таҳримии Аврупо ба он тамоми пайомадҳои ин тасмим ва низ бо ҳимоятҳои таслеҳотӣ аз Киев идома дорад.
Дар ҳоле ки охирин бастаҳои таҳримии Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Маскав нафту газро шомил шуд ва бо вокуниши Русия кишварҳои ин иттиҳодияро гирифтори буҳрони энержӣ кард, ин кишварҳо ҳамчунон талош мекунанд бо костан аз даромади нафтӣ Кремлро аз идомаи ҷанги Украина мунсариф кунанд .

Бештар бихонед :