Лағви сафари Эрдуғон ба Қазоқистон дар пайи инфиҷорҳои Истанбул
Раиси ҷумҳурии Туркия дар пайи инфиҷорҳои террористӣ дар Истанбул, сафари худро ба Қазоқистон лағв кард.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии рӯзномаи “Миллият”, чопи Туркия, қарор буд Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи якшанбе барои сафаре дурӯза ба Қазоқистон равад.
Дар ҳамин ҳол, Беналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия гуфт, шавоҳиде вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, Ҳизби коргарони Курдистони ин кишвар (ПКК) дар инфиҷорҳои Истанбул нақш дорад.
Нуъмон Куртулмуш, муовини нахуствазири Туркия ҳам эълом кард, кишварҳое, ки паёми таслияти фиристодаанд ва инфиҷорҳои террористии Истанбулро маҳкум кардаанд, бояд ҳамбастагӣву ваҳдати худро бо Туркия дар мубориза бо терроризм ба намоиш бигузоранд.
Муттаҳам шудани ПКК аз сӯйи масъулони Туркия ба нақш доштан дар инфиҷорҳои террористии Истанбул дар ҳоле аст, ки ин гурӯҳ масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда нагирифтааст.
Бар асоси охирин гузоришҳо, инфиҷорҳои террористии шанбешаб дар Истанбул 38 куштаву 166 захмӣ барҷой гузоштааст.