Декабр 10, 2022 10:56 Asia/Dushanbe
  • Мақоми рус : Иттиҳоми ирсоли силоҳ аз Эрон ба Русия беасос аст

Намояндаи доими Русия дар Созмони Миллал бо радди ирсоли силоҳ аз сӯи Эрон таъкид кард: Маҷмӯъаи саноъатӣ ва низомии Русия метавонад бидуни кумак гирифтан аз дигарон ба аҳдофи худ даст ёбад.

Дар ҳафтаҳои ахир мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ муддаӣ шуданд Эрон паҳпод ба Русия барои истифода дар ҷанги алайҳи Украина ирсол кардааст .
Мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон борҳо ин иддаоро такзиб карданд, аммо ғарбиҳо ҳамчунон бар чунин иддаое пофишорӣ доранд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Василий  Небензя -сафир ва намояндаи доими Русия дар Созмони Миллал ҷумъа ба вақти маҳаллӣ дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Миллал дар бораи Украина гуфт : Мо таҳти таъсири суханони шарикони собиқи ғарбӣ қарор намегирем . Онҳо саъй мекунанд таваҷҷуҳотро ба самти иттиҳомоти беасос дар бораи интиқоли силоҳ аз Эрон ба Русия равона кунанд . Мо борҳо ин иттиҳомро рад кардаем .

  Небензя дар бахши дигаре аз суханони худ ҳушдор дод, ки мақомҳои Украина қасд доранд бо истифода аз силоҳҳои ғарбӣ Донетскро нобуд кунанд .
Намояндаи доими Русия бо баёни инки мақомҳои Украина аз сӯи давлатҳои ғарбӣ таҳрик мешаванд, афзуд : Онҳо мехоҳанд шаҳри Донетскро ба маънии воқеии калима нобуд кунанд .
Ҷон Керби-ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Амрико ҷумъашаб таъйид кард, ки Вашингтон як бастаи кумаки низомии 275 миллион долларӣ ба Украина мефиристад .

 Амрико аз оғози ҷанги Украина то кунун ҳудуди 19.1 миллиард доллар кумаки низомӣ ва амниятӣ ба Киев ироа кардааст .
Порлумони Булғористон низ ҷумъа бо ирсоли маҳмӯлаи кумаки низомии ин кишвар ба Украина мувофиқат кард .

Бештар бихонед :

 

Барчасп