Декабр 10, 2022 14:13 Asia/Dushanbe
  • Аз дидгоҳи Путин,  афзоиши ҳамкориҳо дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳи мустақили Ҳамсуд барои тақвияти ҳамкориҳои низомӣ зарури аст
    Аз дидгоҳи Путин, афзоиши ҳамкориҳо дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳи мустақили Ҳамсуд барои тақвияти ҳамкориҳои низомӣ зарури аст

Владимир Путин Раиси Ҷумҳӯри Русия хитоб ба Вазорати дифоъи кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва Созмони кишварҳои мустақили Ҳамсуд, ки дар нишасте дар Маскав гирди ҳам омаданд, бар зарурати ҳамкории густардатар байни ин ду Созмони минтақаӣ таъкид кард.

Путин гуфт, фаъолиятҳои муштарак дар чорчӯби Созмони Ҳакориҳои Шанхай ва Созмони кишварҳои мустақили Ҳамсуд мубтани бар эҳтироми мутақобил ва риояти манофеъи якдигар аст ва имкони ҳалу фасли бисёре аз масоъил ва қабл аз ҳар чиз муҳофизат дар баробари таҳдидоти хориҷӣ ва тақвияти амният ва суботи байналмиллалӣ ва минтақаиро фароҳам мекунад.

Таъкиди Раиси Ҷумҳӯри Русия бар зарурати ҳамкории ҳарчӣ бештари Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳои мустақили Ҳамсуд бо таваҷӯҳ ба таҳавулоти чанд соли ахир ба вижа талоши густардаи Амрико дар раъси булуки Ғарб барои муқобила бо Русия ва Чин ба унвони ду узви калидии Созмони Ҳамкории Шанхай ва низ иқдомоти хасмонаи Ғарб алайҳи Русия ба унвони узви калидии Созмони кишварҳои мустақили Ҳамсуд сурат гирифтааст.

Ғарбиҳо дар қолаби НАТО дар даҳҳаи ахир талоши мутамаркиз барои густариши НАТО ба сӯйи Шарқ ва низ дахолат дар умури дохилии кишварҳои мустақили Ҳамсуд дар қолаби барпоии инқилобҳои рангин дар ин кишварҳо анҷом додаанд.

Путин дар ин замина мегӯяд: Амрико  ва муттаҳидони ин кишвар аз омили низомӣ ва эъмоли таҳримҳои иқтисодӣ ва инқилобҳои рангӣ алайҳи ҳукуматҳое, ки бо онҳо мувофиқ нестанд истифода мекунанд ва танишҳо ва даргириҳоро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон афзоиш медиҳанд.

Лизо ҳамкории ин ду Созмон ба вижа дар умури дифоъӣ ва амниятӣ метавонад ба наҳви муассир иқдомоти тавтиаомези Ғарбро хунсо намоянд.

 

Зимни инки булуки Ғарб ба саркардагии Амрико дар чанд соли ахир фишори зиёде алайҳи Чин ба баҳонаҳои ҳуқуқи башар ва низ муттаҳамсози он ба тавсиаталабӣ дар минтақаи Осиёи  уқёнуси Ором ворид карда ва корзори сиёсии таблиғотии густардаеро алайҳи Пекан ба роҳ андохтааст. Ҳадафи Ғарб аз ин иқдомот дарбаргири ва маҳори Чин ва тадовуми салтааш бар минтақаи Осиёи уқёнуси Ором дар қарни бисту якум ба унвони минтақаи калидии иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст.

Аз дидгоҳи Путин иқдомоти тавтиаомезӣ Ғарб зарӯрати ҳамкории ҳар чӣ бештари кишварҳои мухталифи салтаи Ғарбро афзоиш дода ва дар айни ҳол муҷиботи тавсиа ва афзоиши тавонмандиҳои онҳоро дар арсаҳои мухталиф фароҳам хоҳад кард.

Вай муътақид аст, ки бо тадовуми талоши ғарбиҳо барои ҳифзи салтаи сиёси, иқтисодӣ, молӣ, низомӣ ва идиолужикии худ, бӯҳронҳои дар ҷаҳон пайваста дар ҳоли афзоиш аст ва ғарбиҳо ба ҳамин иллат увзоъи ҷаҳонро барҳам мезананд.

Албатт бо таваҷӯҳ ба имконот ва патонсели кишварҳои узфи Созмони Ҳамкори Шанхай ва Созмони кишварҳои мустақили Ҳамсуд, ки Русия узви ҳар дуи онҳо аст, ин ду Созмон метавонанд дар арсаҳои мухталифе бо якдигар ҳамкори намуда ва тавонамандиҳои худро музоаф намоянд.

Бо таваҷӯҳ ба нишасти вузарои дифоъи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳои мустақили Ҳамсуд табиатан таваҷӯҳи Раиси Ҷумҳӯри маътуф  ба бахши дифоъӣ, низомӣ,  амниятӣ ва афзоиши ҳамкориҳои ду Созмон дар ин арсааст. Аз дидгоҳи Путин,  афзоиши ҳамкориҳо дар Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳи мустақили Ҳамсуд барои тақвияти ҳамкориҳои низомӣ зарури аст ва бояд барои ҳамоҳангӣ ба хусус дар заминаи омӯзишҳои низомӣ ва омодагиҳои размӣ ва вокуниши сареъ ва истиқрори сареъи нерӯҳо ва мубориза бо терроризм, талош кард.

Зимни инки Путин бар ин гумон аст, ки бо таваҷӯҳ ба вуқуъи бӯҳронҳои минтақаӣ дар ҷаҳон, масъалаи нерӯҳои посдори сулҳ низ дар бурҳаи кунуни аз аҳамияти зиёде бархурдор аст ва бояд барои тақвияти нерӯҳои посдори сулҳ ва мушорикат додани онҳо дар чорсӯби амалиёти Созмони Миллал талош кард. Табиатан ин амр ба маънои тақвияти ҳузури кишварҳои узви ин ду Созмон дар маъмуриятҳои ҳифзи сулҳи Созмони Миллал ва дар натиҷаи афзоиши таъсиргузории онҳо бар таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ хоҳад буд.

Бештар бихонед:

 

 

 

 

 

Барчасп