Декабр 15, 2022 13:40 Asia/Dushanbe
  • Дипломати рус: Ғарб, Аврупоро дар остонаи даргирӣ қарор додааст

Намояндаи Русия дар Созмони милал, густариши НАТО-ро омили қарор гирифтани Аврупо дар хатари даргирӣ унвон кард.

Василий Небензя, намояндаи Русия дар Созмони милал бомдоди панҷшанбе дар нишасти Шӯрои амният бо ишора ба инки ғарбиҳо ҳаққи НАТО барои густаришро мутлақ медонанд, гуфт, ба далели рӯйкардҳои якҷонибагароӣ ва ҳифзи низоми яқутбии ҷаҳон тавассути онҳо, эътимод ба ниҳодҳо ва қавонини байналмилалӣ тазъиф шудааст.

Вай афзуд, Ғарб, Аврупоро дар остонаи даргирӣ қарор дода, ки метавонад кулли ҷаҳонро ба оташ бикашад.

Намояндаи Русия дар Созмони милал хотир нишон кард, «мушаххас аст, ки имрӯз дар ҳоли тасмимгирӣ дар бораи масаълаи ояндаи назми ҷаҳонӣ ҳастем; инки як султагар, ки қавонине ба нафъи худ мегузорадро мепазирем ё ҷаҳонии демократӣ, мунсифона ва чандқутбӣ бидуни боҷхоҳӣ, тасаллут ва истиъмори навин хоҳем дошт».

Ин дипломати рус бо баёни инки Ғарб дар ҳоли эъмоли хутути тафриқаафкан дар ҳамаи ҷои дунё аст, афзуд: «Онҳо ба дунболи густариши доираи нуфӯзи худ ба манотиқи ҷадид ҳастанд. Буҳрони Украина низ як буҳрони низомманд аст, ки Ғарб талош мекунад оғози онро ба замони амалиёти мо тақлил диҳад».

 

Барчасп