Декабр 17, 2022 12:02 Asia/Dushanbe
  • Афроди мусаллаҳ аз хоки Арманистон дар манотиқи марзӣ ба сӯи марзбонони озарӣ оташ гушудаанд
    Афроди мусаллаҳ аз хоки Арманистон дар манотиқи марзӣ ба сӯи марзбонони озарӣ оташ гушудаанд

Ҷумҳурии Озарбойҷон афроди мусаллаҳи арманиро ба шиллек ба сӯии марзбонони ин кишвар муттаҳам кард .

Ба рағми поёни ҷанги 44 рӯзаи 2020 ва ақди тавофуқномаи оташбас, сулҳ ҳаргиз ба таври комил дар марзҳои байни ду кишвар барқарор нашудааст .
Боку ва Ереван барои оддисозии равобит комиссиюнҳое ташкил додаанд, аммо ин талошҳо низ таҳти таъсири танишҳои марзӣ ва соири ихтилофоти байни Боку ва Ереван ба кундӣ пеш меравад . Арманистону Ҷумҳурии Озарбойҷон доимо якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд. Аммо ин бор Боку эълом кардааст гуруҳҳои ғайриқонӯнии армании мустақар дар хоки Ҷумҳурии Озарбойҷон ба сӯии низомиёни озарӣ оташ гушудаанд .
Ба гузориши хабаргузории Озартоҷазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон дируз ҷумъа бо судӯри иттилоъияе эълом кард афроди мусаллаҳ аз хоки Арманистон дар манотиқи марзӣ ба сӯи марзбонони озарӣ оташ гушудаанд .
Дар ин баёния омадааст мавозиъи неруҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон дар марз аз соъати 16 . 05 дақиқа то 18 ба таври мутановиб ҳадафи шиллеки гуруҳҳои ғайриқонӯнии мусаллаҳи армании ҳозир дар хоки ин кишвар қарор доштааст.
Вазорати дифои Ҷумҳурии Озарбойҷон тасреҳ кард ин ҳамла дар минтақаи таҳти кантроли сулҳбонҳои русӣ анҷом гирифтааст .
Русия пас аз миёнҷигарӣ байни Арманистону Ҷумҳурии Озарбойҷон ва поёни ҷанги 44 рӯзаи Қарабоғ дар соли 2020,неруҳои сулҳбони худро дар минтақаи мавриди муноқиша мустақар кард . Ин неруҳо борҳо аз пешравии неруҳои озарӣ ба дохили хоки Арманистон ҷилавгирӣ кардаанд .

Бештар бихонед :


 

 

Барчасп