Декабр 17, 2022 18:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Медведев ба аъзои НАТО

Муовини Шӯрои амнияти Русия таҳдид кард, ки аъзои НАТО, ки ба Украина кумак мекунанд, аҳдофи машрӯе барои ҳамалоти Маскав ҳастанд.

Дмитрий Медведев, муовини Шӯрои амнияти Русия дар канали телеграмии худ аъзои НАТО-ро, ки ба Украина кумаки таслеҳотӣ мекунанд, аҳдофи машрӯъе барои ҳамалоти Маскав донист.

Медведев навишт: «Раҳбарони кишварҳои НАТО ҳамақида ва муддаӣ ҳастанд, ки кишварҳояшон ва кулли аъзои НАТО дар ҷанг бо Русия нестанд, аммо ҳама ба хубӣ медонанд, ки ин тавр нест.»

Ин мақоми рус бар асоси ончӣ ки қавонини ҷанг хонд, гуфт: «нерӯҳои мусаллаҳи соири кишварҳое, ки ба таври расмӣ вориди ҷанг шудаанду муттаҳидони кишвари душман ҳастанд, аҳдофи низомии машрӯъ башумор мераванд».

Медведев афзуд, илова бар раҳбарони низомӣ - сиёсии кишвари душман ва неруҳои онки ба таври расмӣ аз неруҳои мусаллаҳи он хориҷ нашудаанд, таҷҳизоти низомӣ ва кумакии душман, абзоролоти марбӯт ба зерсохтҳои низомӣ ва ғайринизомӣ низ шомили аҳдофи машрӯъ барои ҳамалот маҳсӯб мешавад.

 

Барчасп