Мухолифати Девонии олии Амрико ба бозкушоии марзҳо ба рӯйи муҳоҷирон
(last modified Wed, 28 Dec 2022 06:29:07 GMT )
Декабр 28, 2022 11:29 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Девонии олии Амрико ба бозкушоии марзҳо ба рӯйи муҳоҷирон

Девонии олии Амрико бо лағви яке аз сиёсатҳои беҳдоштии ин кишвар, ки дар давраи Короно барои ҷилавгири аз вуруди муҳоҷирон вазъ шуда буд, мухолифат кард.

Ба гузориши радиоии тоҷикии Садои Хуросон, Девонии олии Амрико сешанбе ба вақти маҳалӣ эълом кард, ба лағви сиёсати мавсум ба 42 Title ки дар давраи  Доналд Трамп, Раиси Ҷумҳӯри  собиқи Амрико вазъ шуда буд, рай надодааст.

 

Чаҳор қозии  ин Девон ба лағви ин сиёсат рай надоданд аммо панҷ қозии дигар хоҳони идомаи он шуданд.

Нуздаҳ Иёлоти Амрико  ба Девони оли эълом карда буданд, ки дар сурати лағви ин сиёсат бо мавҷи муҳоҷирон дар марзҳои худ бо Мексика мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Девони оли дар ҳукми худ тасреҳ кард, ин Иёлотҳо мегӯянд дар марз бо бӯҳрони муҳоҷирон мувоҷеҳ мешаванд ва сиёсатгузорон ҳанӯз натавонистаанд бар сари иттихози тадобири кофи ба тавофуқ бирасанд.

 Дар идомаи ин рай омадааст, бинобар эъломи ин Иёлотҳо  танҳо роҳ барои муқобила бо бӯҳрон он аст, ки Девони Оли ба давлати Федарал дастур диҳад сиёсати  42 Title    то ҳар замоне, ки имкон дорад, идома пайдо кунад.