Таҳлил: Фармони Путин барои мамнуъияти содироти нафти Русия ба бархе кишварҳо
(last modified Thu, 29 Dec 2022 08:19:26 GMT )
Декабр 29, 2022 13:19 Asia/Dushanbe
  • Фармони Путин барои мамнуъияти содироти нафти Русия ба бархе кишварҳо
    Фармони Путин барои мамнуъияти содироти нафти Русия ба бархе кишварҳо

Раиси Ҷумҳӯри Русия фармонеро содир кард, ки бар асоси он содироти нафт ва фаровардаҳои нафтӣ ба ниҳодҳо ва ашхоси қонунии хориҷие, ки барои воридоти энержи аз ин кишвар сақфи қимат тайин кардаанд, мамнуъ шудааст.

Александр Новак муовини нахуствазири Русия пеш аз ин эълом карда буд, ки Маскав ба кишварҳое, ки сақфи қиматро дар бозори нафт пойбанд нигаҳ доранд, нафт нахоҳад фурӯхт. Маскав таъкид карда, ки поиин нигаҳ дошатани сақфи қимат дар мавриди нафти Русия боиси коҳиши арзаи нафти ин кишвар мешавад.

Иттиҳодияи Аврупои гурӯҳи 7 ва Австаралия, барои нафти Русия сақфи қимати 60 доллар дар ҳар бушка таъин кардаанд, ки аз 5 декабр эъмол шудааст. Иттиҳодияи Аврупо  ҳамчунин таҳрими воридоти нафти хорми Русия аз тариқи дарёро низ иҷроӣ кардааст. Ин таҳрим бештар тавассути Британия, Канада, Ҷопон ва Амрико анҷом шудааст.

Иқдоми Русия дар мамнуъияти содироти нафт ба кишварҳое, ки сақфи қимати таҳмилии Ғарб дар мавриди нафти ин кишвар риоят мекунанд бо таваҷӯҳ ба рӯйкарди Ғарб дар ин замина сурат гирифтааст. Блуки Ғарб ба саркардагиии Амрико бо омили бесобиқаварин ва густардатарин таҳримҳо алайҳи Русия ба баҳонаи ҷанги Украина аз ҷумла таҳрими нафт ва гази Русия вориди корзори бузурге бо Маскав шудаанд. Ба рағми ин, ки ғарбиҳо  ба вижа Аврупоиҳо бар ин гумон буданд, ки ин корзори таҳрими осебҳои бузургеро мутаваҷеҳи Русяи хоҳад кард аммо иқдомоти мутақобили Маскав монанади илзоми кишварҳои аврупоии харидори газ барои  пардохти баҳои он ба рубл ва низ талоши мувафақи Маскав барои афзоиши фурӯши нафти худ ба  иқтисодҳои бузурге монанди Чин ва Ҳинд мучиб шуда то ин талоши ғарбиҳо бо нокомии ошкоре мувоҷеҳ шавад. Новак мекгӯяд: Бо вуҷӯди талошҳои Аврупо барои коҳиши вобастаги ба нафту гази Русия, содиротии энержи аз Русия  дар саросари ҷаҳон мавриди тақозост ва Маскав харидорони худро мутталеъ сохтааст.

Пеш аз ин ғарбиҳо ба вижа Амрико ва Аврупо дар мавориди мухталиф бар мухолифати худ бо афзоиши баҳои нафти Русия ва ё хариди нафти  он бо қимати мушобеҳи нафти дигар  кишварҳоро  эълом карда ва хоҳони тайини сақфи қимати бар он ба манзури коҳиши қобили мулоҳизаи даромадҳои нафтии Маскав шуда буданд.Сарони кишварҳои гурӯҳи 7 Британия, Олмон, Италия, Канада,Амрико, Фаронса ва Ҷопон дар нишасти июли 2022 бар азми худ барои коҳиши вобастаги ба энержии Русия таъкид карда ва мувофиқати усулиихудро бо тайини сақф барои қимати нафту гази Русия эълом карданд.  Дар авоили сентябр 2022 гурӯҳи 7, дар ростои кошиши даромадҳои Маскав бар сари эъмоли сақфи қимат ба нафти содироти Русия тавофуқ карданд. Вузарои  иқтисоди гурӯҳи 7 эълом карданд ин кишварҳо ироаи хадамотиро,ки  имкони ҳамлу нақли дарёии нафти хом ва фаровардҳои нафтии Русияро дар сатҳи ҷаҳони фароҳам мекунад. Дар сурате, ки қимати нафти Русия болотар аз сақфи тайин шуда бошад, мамнуъ мекунанд. Ин тасмим метавонад пушиши бима ё таъмини моллии маҳлулаҳои нафтии Русияро номумкин созад. Бо ин иқдом  кишварҳои ниёзманд хоҳанд тавонист нафти Русяиро харидор кунанд, аммо ба қимати нозил ва танҳо то сақфе, ки як эътилофи байналмиллалӣ ба раҳбарии  гурӯҳи 7 онро тайин кунад. Нафткашҳо ва ширкатҳои  бима танҳо дар сурате маҷозҳ ба ироаи хадамоти нақл нафти Русия ҳастанд, ки қимати нафт ҳаддиаксар дар сақфе бошад, ки эътилофи ёдшуда тайин мекунанд. Бадин тартиб гурӯҳи 7 бар азми худ барои эъмоли маҳдудият бар қимати нафти Русия ба унвони бахше аз густариши таҳримҳо алайҳи ин кишвар таъкид кард.

Дар вокуниш ба ин иқдомоти хасмона, Русия ба мамнуъияти содироти нафт ба кишварҳое, ки сақфи қиматро риоят кунанд пардохтааст. Абатта ин фақат яке аз иқдомоти Маскав барои муқобила бо талошҳои булуки Ғарб барои маҳдудсозии содироти нафти ин кишвар аст. Иқдоми дигар коҳиши тавлиди Русия дар соли 2023 аст. Дар ин замина Александр Новак муовини нахуствазири Русия гуфт,ки Маскав эҳтимолан дар вокуниш ба сақфи қамати тайин шуда барои нафташ, тавлиди худро дар авоили соли ояндаи мелодӣ, 5 то 7 дарсад коҳиш хоҳад дод, ки  метавонад  рӯзона 500 то 700 ҳазор бушка бирасад. Новак бо ишора ба ин, ки тавсиаи иқтисоди ҷаҳонӣ бидуни энержияи Русия душвор хоҳад буд, пешбини кард, Аврупо бо камбуди газ мувоҷеҳ шавад ва ин амр таъсиротеро бар қимати газ ва ба табъи он баҳои нафт хоҳад ниҳод.

Бештар бихонед: