Декабр 29, 2022 17:46 Asia/Dushanbe
  •  Даври нави ҳамлаҳои густардаи мушакии Русия ба Украина

Мақомҳои украинӣ рӯзи панҷшанбе аз ҳамалоти густардаи мушакии Русия ба манотиқи мухталифи ин кишвар хабар доданд .

Ба баҳонаи ҳамлаи Русия ба Украина, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ зимни эҷоди таҳримҳои шадиду паёпай алайҳи Маскав, анвоъи таслеҳоти низомӣ дар ихтиёри артиши Украина қарор доданд, ки ба гуфтаи коршиносон ин масаъла яке аз авомили тӯлонӣ шудани ҷанг дар Украина ба шумор меояд .
Русия борҳо гуфтааст, ки ирсоли таслеҳоти ғарбӣ ба Украина танҳо боиси тӯлонӣ шудани муноқиша дар ин кишвар мешавад ва пайомадҳои ғайри қобили пешбинӣ ба дунбол дорад .
Ба гузориши хабаргузории Форс, бо гузашти се рӯз аз ҳамлаи паҳподии маргбори Украина ба як пойгоҳи ҳавоӣ дар дохили хоки Русия хабарҳо аз ҳамалоти мушакии густардаи Маскав ба манотиқи мухталифи Украина ҳикоят дорад .
Тибқи гузоришҳо дар даври ҷадиди ҳамалоти густардаи мушакии Русия, Киев, Николаев ва Харков ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст .
Гуфта мешавад дар ҳамалоти имрӯз беш аз 120 мӯшак ба самти манотиқи мухталифи Украина шиллик шудааст .
Мақомҳои шаҳри  Ливов, дар ғарбитарин нуқтаи Украина эълом карданд ки 90 дарсад дар ин шаҳр бидуни барқ ҳастанд .

 

Барчасп