Январ 06, 2023 19:51 Asia/Dushanbe
  • Ҷанлука Виалли дар синни 58 солагӣ даргузашт
    Ҷанлука Виалли дар синни 58 солагӣ даргузашт

Ҷанлука Виалли, бозикуни собиқи тими миллии Италия ва Челси пас аз солҳо мубориза бо саратон, дар синни 58 солагӣ даргузашт.

Ба гузориши ИРНА, нашрияи “Дейли Мирор” навишт: Ҷанлука Виалли панҷ сол пас аз аввалин ташхиси саратони понкрос, дар синни 58 солагӣ даргузашт.

Устураи футболи Италия байни солҳои 1996 то 1999 дар 88 бозӣ 40 гол барои обиҳои Англия ба самар расонд ва сипас ҳидояти бошгоҳи Стемфорд Бридҷро бар уҳда гирифт ва се ҷоми муҳимро ба даст овард.

Муҳоҷими собиқи Ювентус 59 бозии миллӣ барои Италия анҷом дод ва пас аз ин ки аз бемории саратонаш дар соли 2020 мутмаин шуд, дар кадри фаннии ҳамтимии собиқи худ Роберто Мончинӣ дар тими миллии Италия, ки қаҳрамони Ҷоми миллатҳои Аврупо шуд, нақшеро ифо кард.

Ӯ дар авоили ин моҳ ҳангоме, ки ба бемористони Роял Марсден бозгашт то таҳти дармони бештар қарор гирад, аз ин симат канорагирӣ карду саратонро меҳмони нохоста номид.

 

Барчасп